Saturday, May 10, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

05.11.2022

Таърихи 6 ноябр барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи азизу мукаррам аст. Зеро 28 сол қабл аз ин дар ҳамин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои демократӣ ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки посухгӯи ниёзҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои байналмилалист. Қабули Сарқонун дар таърихи кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти солҳо бештар мегардад.

Ҳар як давлат дорои Конститутсия мебошад, ки он принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, судӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидан роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократии дунявиро пеш гирифт, ки дар чунин ҷомеа мебояд ҳуқуқи инсон, озодии сухан, гуногунандешӣ, баробарӣ, волоияти қонун ва дигар омилҳои башардӯстона пойбарҷо бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо дар Сарқонуни кишвар возеҳу равшан инъикоси хешро ёфтанд.

Бо қабули Конститутсия дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави инкишофу тараққиёт оғоз ёфт, ки моҳияти он таъмини ҳаёти осудаҳолона ва озоди мардуми Тоҷикистон мебошад. Сарқонун меъёрҳои маъмули байналхалқиро вобаста ба фарҳангу арзишҳои миллиамон дар худ фаро гирифта, мақоми қонунии истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ ва иқтисодии давлати тоҷиконро тадриҷан мустаҳкам ва пойдор карда истодааст. Сарқонуни мамлакат дар тамоми соҳаҳои фаъолияти мо дастури амал ва роҳнамо мебошад. Ин санади ҳуқуқӣ иштироки бевоситаи мардумро дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ муқаррар намуда, ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳад. Боиси хушнудист, ки Сарқонун пеш аз ҳама ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфтааст. Он санади бунёдиву созандае гардидааст, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонон ҳуқуқҳои худро мешиносанд ва аз онҳо баҳравар мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим меояд, ки онро пайваста омӯзанд, аз имкониятҳое, ки он муқаррар намудааст бештар истифода баранд ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шаванд, ки риояи ҳатмии он барои онҳо ҳам фарзу ҳам суннат гардад.

Амиқ донистани Қонуни асосии давлат имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хеш дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошанд ва дар зиндагии имрӯза аз онҳо дуруст истифода кунанд. Таҳаввулотҳое, ки дар беҳдошти ҳаёти ҷавонони кишвар ба миён омадааст, аз қабили қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои вусъатдори давлатии марбут ба ҷавонон ва ғайраҳо маншаъ ва маънии худро аз Сарқонун гирифтаанд.

Имрӯз миллати тоҷик соҳиби истиқлолияти миллӣ, давлату давлатдорӣ ва ифтихороти миллӣ гардида, бо иродаи матин ба таври доимӣ ин муқаддасоти миллиро ҳифз ва рушду такмил медиҳад. Қадами ҷиддӣ дар ин роҳ қабул шудани Сарқонуни Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи аввалаш ин дастоварди бузурги миллӣ чунин сабт гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Қабули Конститутсия аз ҷониби мардуми Тоҷикистон, интихоби умумихалқии Президенти ҷумҳурӣ, қабули Парчами давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, интихоби Маҷлиси Олӣ, таъину интихоби мақомоти роҳбарии маҳаллӣ ва ғайраҳо аз мустаҳкаму босубот сохтани ҷамъият, давлат ва дар ниҳоят ба сатҳи сифатан нав расидани истиқлолияти миллии мо шаҳодат медиҳанд.

Давлати мустақили мо вазифаи аввалиндараҷаи худро дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мебинад. Давлатдорие, ки мо имрӯз пеш гирифтаем ва минбаъд пояҳои онро мустаҳкам ва босубот месозем, манфиати инсонро дар маркази тамоми фаъолияти хеш гузошта, онро ҳифз менамояд. Заминаҳои рушд ва ташаккули инсон маҳз тавассути Сарқонун таъмин карда мешавад.

Болоравии сатҳи иқтисодии аҳолии кишварамон ва вусъат ёфтани доираи фаъолиятҳои тиҷоративу муносибатҳои сиёсии Ҳукумати ҷумҳурӣ низ аз ин шаҳодат медиҳад ва мову Шумо тӯли солҳои охир ин дастовардҳоро ба таври возеҳ мушоҳида намуда истодаем. Маҳз тамоми фаъолиятҳои давлату давлатдориро дар асоси Сарқонун ба роҳ мондани Ҳукумати мамлакат буд, ки кишварамон марҳилаҳои душвори ҳаётии худро пушти сар гузошт.

Хушбахтона, имрӯз он дастовардҳо барои кишварҳои хориҷ ва таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ қобили эътироф ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Сарқонуни мо инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ кафолат медиҳад.

Тавре шоҳид ҳастем, имрӯзҳо фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон, ки дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда фаъолият менамоянд ба таври озод ба роҳ монда шудааст. Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъати фаъолияти онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Ҷараёни демократикунонӣ ва озодии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишварамон, ки бо қонуну муқаррароти амалкунанда, пеш аз ҳама Сарқонуни кишварамон ва меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқат менамоянд, аз ҷониби нозирони байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Дар айни замон, Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳро талқин менамоянд, манъ кардааст.

Ба ҳамин тартиб, давлат барои ҳамагон, бидуни истисно роҳи конститутсионӣ, қонунӣ, маданӣ ва инсонии фаъолияти сиёсиро фароҳам овардааст. Ин меъёр ба тамоми талаботу қолабҳои қабулшудаи умумибашарӣ ҷавобгӯ буда, дар радифи дигар меъёрҳо давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Дар шароити мураккаби муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ донистани Сарқонун ва итоати бевоситаи шаҳрвандон ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти кишвар, арзишҳои миллӣ, истиқлолияту ягонагии мамлакат ва устувории пояҳои давлатдории тоҷикон барои ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварамон амри зарурӣ мебошад ва фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои мантиқии мубориза ба муқобили зуҳуроти нафратовар ва солим нигоҳ доштани ҷомеаи Тоҷикистон низ маҳз аз донистану итоати бевоситаи Сарқонун сарчашма мегирад.

Мо бояд анъанаҳои хуби кишварамонро ҳамчун боигарии бебаҳои маънавӣ ва пайвандгари муносибатҳои дӯстиву бародарӣ истифода барем.

Имрӯз яке аз вазифаҳои асосии мо, ки ба таълиму тарбия ва ташаккули идеологияи солим байни ҷавонон равона шудааст, мебояд моҳияту ғояҳои Сарқонуни кишварамон ба онҳо дар сатҳи сифатан баланд омӯзонида шавад то ҷавонон аз он ҳамчун чароғи роҳнамо дар кору фаъолият истифода баранд.

Дар интиҳо ба ҷавонон муроҷиат намуда, даъват ба амал меорам, ки баҳри устувории пояҳои истиқлолият, давлатдории тоҷикон, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора муяссарамон гардидааст, волоияти қонунро асоси фаъолиятҳои хеш қарор дода, ба ин восита ба Ватан – Модар садоқатмандона хизмат намоем. Ҳар як ҷавоне, ки худро соҳибватан меҳисобад, мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва Сарқонунро муқаддас мешуморад бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки таҷлили 28–солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни умумимиллӣ, болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ табдил ёбад.

Фатоева Рухғсорамо омӯзгори ДДСТДТ.

Ба қафо

ЭЪЛОН!

Ба пеш

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ САОДАТОФАРИ МИЛЛАТ

Ба пеш
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ САОДАТОФАРИ МИЛЛАТ

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ САОДАТОФАРИ МИЛЛАТ

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон