Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30 ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАС ДАР

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Рухсора Фатоева,

омӯзгори калони ДДСТДТ, унвонҷӯи Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

«Истиқлолият – ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Тоҷикистон 9 сентябри 2021 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик ин солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷашн хоҳад гирифт. Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеаи пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.  Минбаъд ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас ба ҳисоб меравад.

Тамоми ҳамватанони кишвари   соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар таҳкими Истиқлоли тоҷикон нақши Президенти Тоҷикистон хеле назаррас аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими пойдевори аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон нақши калидӣ доранд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид ва Тоҷикистон ба масири сулҳу субот, рушди бемайлони иқтисодӣ, афзоиши некуаҳволии мардуми кишвар баромад.

Дар таърихи навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаҳрамонии худ баҳри саодати миллат аллакай ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.  Рушди Тоҷикистонро имрӯз бидуни Эмомали Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар аввалин буҳроне, ки ба сари миллати тоҷик омад, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар назар дошта мешавад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба дасти худ гирифта буд ва ҳамчун менеҷери муваффақ тавонист миллати тоҷикро аз ин буҳрон раҳо бахшад. Дар ҳамон давр миллати тоҷик дар интихоби худ, яъне интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат хато накарда буд.

Маҳз бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994 Конститсияи нав қабул гашта дар моддаи 1-и он он омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои одамон на дар асоси таълимоти динӣ, балки дар асоси Конститутсия ба амал оварда мешавад.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти кишвар таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти хоса пайдо кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Иқдом ба ташаббусҳои  ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба масъалаҳои об    Президенти Тоҷикистонро ҳамчун сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  намуд. Дар амалӣ кардани сиёсати хориҷии кишвар албатта, нақши шахсият баланд аст. Сиёсатмадорони  сатҳи ҷаҳонӣ, метавонанд бо як сухан, як ишора ва ё як рафтор ба сиёсати байналмилалӣ таъсиррасон бошанд ва ҳатто имиҷи байналмилалии давлатро тағйир диҳанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи  ҳамин гуна сиесатмадорони ҷаҳон мебошанд,ки бо як рафтори худ ба афкори ҷомеаи ҷаҳони  таъсир  расонанд.

Дар натиҷаи фаъол гаштани    сиесати хориҷӣ  дар асоси  сиёсати «дарҳои боз»,  ки   муаллифи он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Воридшавии инвеститсияҳои бузург аз хориҷи кишвар самараи муваффақи сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳи аҳамияти байналмилалӣ доштаи Қулма-Душанбе ба истифода дода шуд, ки он барои рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузург дорад. Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.

Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Нақши Президенти Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле баланд аст. Барои   расидан ба истиқлолияти энергетикӣ чандин НБО дар Тоҷикистон сохта шуд. Бо пурра ба кор даромадани неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби таѓйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра Тоҷикистон ба музаффариятҳои зиёд сазовор шуд, вале мо 25 дастоварди бузургтарине, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд, рӯ меорем.

  1. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комилии худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шукргузорӣ аз самараи гаронбаҳои он таҷлил мегардад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрӯзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ месозад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари баланди ин Созмони ҷаҳонӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба сулҳу дӯстӣ ва бунёдкорӣ даъват намуд.
  3. Санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки он унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”-ро гирифт. Зеро ба сарнавишти талхе, ки ба сари мардуми тоҷик омада буду миллатро ба нобудшавӣ моил мекард, нуқта гузошт ва фарзанди фарзонаеро мисли Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат овард, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кориаш тамоми неруву тавоноиашро барои ободии ин диёр равона сохт ва ҳатто ҷонашро зери хатар монда, барои мардум хизматҳои шоиста намуд.
  4. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Он аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатамон, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд ва баландии пояи он 165 метр, дарозии матоаш 60 метр, бараш 30 метр буда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, «Хиёбони Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.
  5. Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони (Герб) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ дароварда шуда, 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он оҳанги пешина нигоҳ дошта, матн иваз карда шуд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд.
  6. Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Дар ин рӯзи таърихӣ бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
  7. 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана бо баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва фарҳангӣ таҷлил мегардад.
  8. Дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон касби Ваҳдати миллӣ  ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Пас аз талошҳои ҷоннисоронаи мардум бо роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” қабул гардид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзии мо интизор буданд.
  9. Таҷлили 1100–солагии давлати абарқудрати Сомониён ва 90–солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров (соли 1999) гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
  10. Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, аввалин ҷашне, ки сазовори таҷлил гардид, 2500–солагии Истаравшани бостоншаҳр буд (с.2002).
  11. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003–ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013–ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028”-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.
  12. Соли 2007 ҷашни 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории конфронсу намоиши байналмилалӣ сурат гирифт.
  13. Ҷашни 1150–солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳодат аз медиҳад, ки мардуми тоҷик воқеан фарҳангдӯсту адабиётшинос ва соҳибмаърифат ҳастанд.
  14. Соли 2009 – Соли бузургдошти пешвои муаззами мазҳаби Ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он конфронси байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд доир шуданд.
  15. Ифтитоҳи бузургтарин нақбҳо, амсоли “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”;
  16. Бозсозӣ ва ба истифода додани роҳҳои мошингард, аз ҷумла “Душанбе – Чанок”, “Кулма – Қароқурум”;
  17. Ифтитоҳи роҳи оҳани “Душанбе–Қӯрѓонтеппа–Кӯлоб”.
  18. Бунёди НБО “Роѓун”, ба истифода додани агрегати якуми НБО “Сангтӯда-1” ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ.
  19. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо мусоидат менамоянд.
  20. Тоҷикистон узви Созмонҳои байналмилалӣ – Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони умумиҷаҳонии савдо(СУС), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони давлатҳои исломӣ гардид;
  21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул шуд;
  22. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64–уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» мақоми байналмиллалї гирифт.
  23. Таҷлили 25–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат сохта ба истифода додани чандин иншоотҳои фарҳангиву варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ѓайраҳо дастоварди азими таърихии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад.

24.Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август – 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.

25.Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо дарназардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон намуд. Дар ин ҷода аз ҷониби Созмони Оғохон ва Ҳукумати ШМА пайи ҳам панҷ пули хурду калон дар дарёи сарҳадии Панҷ сохта шуд. Сохтмони пулҳои наздисарҳадӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷои кор, хариди маводи ғизоӣ ва рӯзгор, доруворӣ ва ғайра  нақши муҳим мебозад.

26.Соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

27.Соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси  умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;

28.Соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;

29.Соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии     китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт.

30..Тӯли 20 соли охир татбиқи доктринаи сиёсии «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом – ин яке аз намоёнтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он баҳри таъмини амнияти иқтисодиву сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ бомуваффақ истифода бурда мешавад.

Дастоварди умумии миллати мо дар он таҷассум меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва  азму иродаи давлати он, ба вижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти  созандаву  некбинонаи  Пешвои муаззами Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷодаи  ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду  хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.

Ҳамин тариқ, ин рӯйхатро идома додан боз ҳам гуворост, вале мардуми саодатманди кишвар худ дарк мекунанд ва дида истодаанд, ки чӣ қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои гаронарзиш дар ин давра барои онҳо эҳдо гаштааст.

Бино бар ин, чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дӯст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд.

Ҷашни бузурги миллӣ барои ҳамаи ҳамватанон фархундаву муборак бошад!