28 декабри соли 2019 дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиши санъати портрет таҳти унвони TOUR PORTRAIT бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ (ШОС) кушода шуд, ки то 20 марти соли 2020 идома меёбад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон куратории намоиши мазкурро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба уҳда дошт.

Мавриди зикр аст, ки дар намоиши мазкур асарҳои 14 рассомони тоҷик, аз ҷумла Рассомони халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов, Юсуф Сангов, Арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Акмал Миршакаров, Ғафурҷон Ҷураев, рассомон Фаррух Хоҷаев, Бахтиёр Одинаев, ҳайкалтарош Аҳтам Сафаров ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Рӯзҳои наздик маводҳои намоиши мазкур ҳамчун китоб (каталог) аз чоп мебарояд.