ЭЪЛОН!

Кулли ҳаводорони соҳаи санъати рассомӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо ба ифтитоҳи намоиши асарҳои эҷодии Суюнов Эркин бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Донишкада таҳти унвони «Дунёи ман», ки рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 соати 16:00 баргузор мегардад, даъват менамояд. СУРОҒА Ш. ДУШАНБЕ К. АЙНИ 31

Ҷашни «Меҳргон»

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 01.11.2022 дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кафедраи санъатшиносӣ ба муносибати ҷашни «Меҳргон» чорабинӣ доир гашт. Мудири китобхона Ёғибекова Б., чорабиниро ифтитоҳ намуда, таҷлили ин ҷашни муқаддасро табрик гуфт: муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки […]