Санаи 29.11.2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишкада Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Макони илму ҳунар” бахшида ба 10-солагии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеъи олимони ботаҷрибаву ҷавон, омӯзгорон, магистрантон донишҷӯён ва дигар меҳмонон аз муассисаҳои илмӣ-фарҳангии пойтахт баргузор гардид. Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ […]
