Мусобиқа ба шарафи 28- солагии Қувваҳои мусаллаҳ

     Варзиш  Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шарафи 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ миёни факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯи се намуд — дастхобонӣ, бандкашӣ ва волейбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. Дар дастхобонӣ ҷойи якумро Хусрав Исматов (аз факултети санъати тасвирӣ) ишғол намуда, ҷойи дуюм ва сеюм насиби донишҷӯёни факултети  дизайн […]

ЭҶОДИЁТИ ЗИЁРАТШО ДОВУДОВ ДАР ТАҲЛИЛИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ САНЪАТ”

  Дар кафедраи “Санъатшиносӣ”-и донишкада маҳфили илмӣ-назариявии омӯзгорон ва донишҷӯён “Дунёи санъат” дар мавзуи “Эҷодиёти рассом Зиёратшо Довудов” баргузор гардид. Мудири кафедра Сайфуллоева Ш. И. бо сухани ифтитоҳӣ ба кори маҳфил оғоз бахшида, сипас  донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси “Санъатшиносӣ” Дилрабо Абдураҳмонзода ва ассисенти кафедра Севара Ганибаева оид ба ҳаёт ва эҷодиёти рассоми шинохта баромад карданд. […]

ПАЁМ — ДАСТУРАМАЛИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАВОНОН

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соле рост омад, ки кишвари азизи мо дар остонаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Мусаллам аст, ки ҳар як паёми Пешвои миллат ба сифати ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва роҳнамои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ баромад […]

Ҷавонписарони донишкада ба ҳифзи Ватан омодаанд

Дар факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – 23 феврал ва 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор” ҷамъомади тантанавӣ   доир гардид. Декани факултет Меҳридди Абдусаид дар баромади худ донишҷӯёну омӯзгорони факултетро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, қайд […]

Тантанаи 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – 23 феврал ва 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ҷамомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада доир ба масъалаҳои тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ. Ч. кушода, зикр намуд, ки  Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат- зодаи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар […]

Намоиши асарҳои кандакории «Устод ва шогирд»

  Дар толори маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз корхонову муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ намоиши асарҳои устоди соҳаи кандакорӣ, асисенти кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии донишкада  Саид Маҳмудов ва корҳои дипломии шогирдони ӯ бо номи “Устод ва шогирд” барпо гардид. Намоишро бо сухани […]

Рӯзи Артиши миллӣ муборак!

Табрикот       Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  Шуморо бо фарорасии 28-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод гуфта, ба Шумову наздиконатон хонаободию тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамояд. Орзумандем, ки бо қадами мубораки 30-солагии Истиқлолияти кишвар роҳи пуршарафи ватансозону меҳанпарастони Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди бонангу номус […]

Артиши миллӣ ва Модар-Ватанро васф карданд

Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони факултети дизайн бахшида ба 28-солагии Артиши миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Декани факултет Субҳон Усмонов дар назди ҳозирин бо маърӯза дар мавзуи “Артиши миллӣ-асоси пойдории Ватан” баромад кард. Сипас, донишҷӯёни факултет дар васфи Артиши миллӣ ва Ватан-Модар шеърҳо қироат намуда, бо намоиши […]

Бозии шоҳмот ва шашка

  Бахшида ба рӯзи “Артиши миллӣ” аз 11 то 13 феврал дар донишкада мусобиқаи варзишии “Шоҳмот ва шашка”баргузор гардид. Дар мусобиқа  омӯзгорону донишҷӯён ва дигар кормандон иштирок намуданд. Рафти мусобиқа нишон дод, ки ин самти варзиш ҳаводорони зиёде дорад. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯйи шоҳмот ҷойи аввалро асистенти кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Абдурашид Рустамов ва […]

Ҷаласа ба муносибати Рӯзи байналмилалии барҳам додани зуроварӣ нисбати занон

Бо ибтикори Шӯрои занону духтарон дар толори калони донишкада бахшида ба Рӯзи байналмилалии барҳам додани зуроварӣ нисбати занон  таҳти унвони “Якҷоя ба зӯроварӣ хотима медиҳем” бо иштироки васеи занону духтарон ҷаласа барпо гардид. Муовини ректор оид ба тарбия ва равобити байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева ва корманди ташкилоти “Наҷоти  кӯдакон”-и СММ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қосимова дар […]