МАҶЛИСИ УМУМИИ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА

Дар арафаи Соли нави мелодӣ чун анъанаи солҳои гузашта дар толори калони маҷлис ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандон барпо гардид. Сараввал ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат аз бурду бохти ягона маркази омодасозии кадрҳои соҳаи рассомӣ ва дизайн дар ҷумҳурӣ дар соли 2020 ва дар маҷмуъ […]

Соли нав муборак!

  Ҳамватанони азиз! Инак, соли 2020 бо мо хайрухуш намуда, Соли нави 2021 ба кишвари азизи мо қадам мегузорад. Орзумандем, ки дар Соли нав дар дили ҳар як шаҳрванди кишвар чароғи умеду боварӣ ба ояндаи неку дурахшон фурӯзон бошад, нури Истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар ин сол 30-солагии он бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, роҳи моро […]

Имтиҳонҳо то охири моҳ ҷамъбаст мешаванд

Дар факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имтиҳонҳои зимистона шуруъ аз 14 декабр ҷараён дошта, то анҷоми онҳо рӯзҳои башумор мондааст. Чунонки сардори шуъбаи таълими донишкада Пиров Тошмаҳмад Мирович изҳор дошт, натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада гувоҳи онанд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли таълимии […]

ҲИСОБИ БОЗӢ — МУСОВӢ

Варзиш Бозии волейбол миёни кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва иҷрои нишондоди Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2020 оид ба таҳкими сиҳатию саломатӣ ва оммавигардонии варзиш, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи сарварони ҳарду ҷониб (Давлатзода Зулфия Давлат ва Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат) […]

ЭЪЛОН!!!

Санаи 29-уми декабри соли 2020 соати 10:00 дар толори донишкада маҷлиси истеҳсолии кормандону омӯзгорон баргузор мегардад. Иштироки ҳайати кормандону омӯзгорон ҳатмист.    Иттифоқи касабаи ДДСТДТ

Ҳамоиши бонувон таҳти унвони “Истиқлолият рамзи озодии миллат”

  Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шомансур ва иштироки фаъолзанони кумитаву ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувон таҳти унвони “Истиқлолият рамзи озодии миллат” барпо гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ мудири Шуъбаи кор […]

Намоиши асарҳои рассом Бахтиёр Одиназода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

19 декабр дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намоиши ҷумҳуриявии асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Бахтиёр Одиназода бахшида ба 70-солагии таъсисёбии ноҳия баргузор гардид. Дӯстдорони санъати тасвирӣ, бахусус омӯзгорону хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия намоишро бо диққати том тамошо карданд. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур […]

Ҷаласаи самарабахши маҳфили “Менеҷери ҷавон”

Маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони “Менеҷери ҷавон”, ки дар назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ таъсис дода шудааст, санаи 12-уми октябр баргузор гардид. Дар кори маҳфил дошинҷӯён ва магистрантони бахшҳои 4-ум ва 1-уми ихтисоси дизайни робитавӣ  дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ иштирок намуданд. Дар маҳфил донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ […]

Ҷаласаи навбатии маҳфили илмии «Менеҷери ҷавон»

Ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ   “Менеҷери ҷавон” 11-уми декабр баргузор гардид. Дар ҷаласаи маҳфил донишҷӯёни бахшҳои гуногуни ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ, магистрантони ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ иштирок намуданд. Дар кори маҳфил мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод н.и.и., […]

Ҳашари поккорӣ ва ниҳолшинонӣ

19-декабр гурӯҳи калони устодону донишҷӯён ва кормандони хоҷагии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳашари поккорию ниҳолшинонӣ баромада, саҳни ҳавлии донишкада ва кӯчаҳои ҳамшафати онро тозаву озода намуда, дар ҷойҳои муносиб ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан шинонданд. Дар суратҳо рафти ҳашари поккорию ниҳолшинонӣ: