Табрикот

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо тамоми сокинони мамлакатро бо фарорасии Иди Қурбон самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Яздони пок барои ҳар як хонадон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, бахту саодат, рӯзгори обод, файзу баракат, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу менамояд.

Таъзия

Коллективи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми профессори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон — Шобутолибов Шобутолиб Шоброимхонович, андӯҳгин буда ба наздикони эшон сабри ҷамил хоҳонанд.

Нишасти матбуотӣ

28.07.2020. Дар асоси нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар толори намоишию фарҳангии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020, соати 09:00 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар рафти он намоянда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои “Баҳори аҷам”, “Ҷумҳурият”, “АМИТ Ховар”, “Омӯзгор”, шабакаҳои ТВ “Душанбе”, “Синамо”, […]

Табрикот

Мухтарам Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат! Коллективи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд, дар корҳои роҳбарӣ, омӯзгорӣ ва илмию эҷодиатон комёбиҳои беназирро таманно дорад. Фаъолияти Шумо дар соҳаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ хеле бориз ва назаррас буда, зиндагонии Шумо […]

Қабули довталабон дар зинаи магистратура!

ЭЪЛОН! Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабули довталабонро дар зинаи магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин: Мусаввирии театрӣ- ороишӣ; Санъати ороишӣ– амалӣ; Санъатшиносӣ; WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ; Санъати муҷассамавӣ – ороишӣ; Ҳайкалтарошӣ; Графика (сиёҳқаламӣ); Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ; Меъмории манзаравӣ; Дизайн аз рӯи самтҳо; Тарҳрезӣ ва технология маҳсулоти дузандагӣ; Санъати […]