Табрикот

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тамоми сокинони  кишвари соҳибистиқлол – Тоҷикистони азизро бо фарорасии рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, осмони софу беғубор орзуманд аст. Хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ҷиҳати ба даст овардани ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ асрҳои аср дар хотираҳо боқи хоҳад монд. Дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи онҳое, ки ин фазои […]

Табрикот

Муҳтарам Шариф Саид, Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо ба муносибати рӯзи таваллудатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар корҳоятон комёбиҳои беназирро таманно дорад.

Таъзия

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти МОДАРАШОН ҳамдардии амиқ баён менамоянд.