Ба ҳамагон маълум аст, ки аз 14 то 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Бозиҳои Делфи барои ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузарад.

Мавзуи асосии баргузории ин чорабинӣ ба “Соли ҳунарҳои мардуми ва мероси фарҳангӣ”-и дар кишварҳои ИДМ бахшида шудааст.

Аз таърихи пайдоиши худ ин бозиҳо асосан аз ташкили намоишҳо, барпо намудани озмунҳо, фестивалҳо иборат аст. Манбаи асосии ин чорабинӣ аз бозиҳои қадимии пифӣ сарчашма мегирад, ки дар асрҳои қадим дар Юнон баргузор мешуд.

Дар 16-уми бозиҳои Делфии ҷавонон, ки аз тарафи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бори аввал қабул карда мешавад, иштироки  давлатҳои аъзои ИДМ дар назар дошта шудааст.

Бозиҳо бо роҳандозии муколамаи фарҳанги байни давлатҳои иштирокчӣ, таҳкими робитаи қавии байни кишварҳо, рушди ҳамкориҳо, махсусан ҷавонон, ки мақсади ҳамкориҳо дар оянда аст, зиёиёни эҷодкор ва муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо ифтихори бузург метавон гуфт, ки қабул ва гузаронидани чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ туфайли соҳибистиқлолӣ ва худумати бесобиқаи фарзандони фарзонаи миллат, фароҳам овардани сулҳу субот, ташкили рушди ҷомеа амалӣ гашта истодааст.

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ду озмун санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ баргузор мешавад. Дар озмун намояндагони панҷ давлат, аз ҷумла: Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

 Санъати тасвирӣ: Дар ин озмун нафарони аз 14-17 ва аз 18-21-сола  иштирок мекунанд. Аз ҷумла аз Россия – 3 нафар; Белоруссия — 1 нафар, Қазокистон — 3 нафар, Узбекистон — 8 нафар, аз Тоҷикистон — 20 нафар иштирок мекунанд.

Ҳунарҳои бадеӣ: Дар ин озмун нафарони аз 15 – 18-сола ва 19 – 24-сола иштирок карда  қобилияти худро аз рӯи ҳунарҳои бадеӣ — наққошии миллӣ, наққошии бадеӣ дар матоъ, коркарди бадеии филиз, коркарди бадеии чӯб, коркарди устухон, моделсозии либос нишон медиҳанд.

Дар номинатсияи «Ҳунарҳои бадеӣ» аз давлатҳои:

Россия – 1 нафар; Белоруссия — 1 нафар, Қазокистон — 1 нафар,  Тоҷикистон — 18 нафар  иштирок мекунанд.

Баргузории чунин як чорабинии фарҳангии сатҳи байналмилалӣ дар Донишкада барои муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллати кӯҳани тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва таблиғи беҳтарини дастовардҳои давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон хоҳад дод.