Интихобот раванди интихоби шахс бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ, яке аз шаклҳои маъмултарини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии давлат, як институти муҳими фаъолияти низоми сиёсӣ, режими сиёсӣ ва қонуният мебошад. Дар замони муосир олимон интихоботро ҷузъи муҳими сиёсат меҳисобанд. Зеро он роҳи ташаккули ҳокимият ва назоратро бо роҳи ифодаи иродаи сиёсии шаҳрвандон тибқи қоидаҳои муайян (мутобиқи низоми интихобот) ифода мекунад. Дар натиҷаи он ба номзадҳои интихобшуда ваколатҳои ҳокимиятӣ дода мешаванд. Асалан, интихобот дар ташкилотҳои гуногуни демократӣ: ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ихтиёрӣ, кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ғайра истифода мешавад.

Дар шароити демократияи муосир интихобот механизми асосии он, шакли асосии зуҳури соҳибихтиёрии халқ, нақши сиёсии он ҳамчун манбаи ҳокимият мебошад. Он инчунин ҳамчун як воситаи муҳимтарин барои ифодаи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ хизмат мекунад. Интихобот ягона шакли иштироки воқеии шаҳрвандон дар сиёсат буда, ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро барои иштирок дар он пешбинӣ мекунад ва имкон фароҳам меоварад, ки ба ҳокимият дар ҳифз ё иваз кардани аъзои парламент ва ҳукумат, таъмини масъулияти онҳо дар назди аҳолӣ, тағйир додани роҳи сиёсӣ ва ғайра таъсир расонида шавад.

Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон интихоботро ҳамчун роҳи ягонаи қонунии ташаккул ва таҷдиди тамоми ниҳодҳои давлатӣ истифода мебаранд. Интихобот як падидаи зуд-зуд дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барпошаванда буда, ба сатҳҳои гуногуни ҳокимият: парламент, президент, мақомоти намояндагӣ ва ғайра дахл дорад. Дар интихобот нақши бунёдӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандон дар он чӣ гуна ва бо чӣ сабаб иштирок мекунанд, ба интихобот мераванд ё не, оё онҳо аз натиҷаҳои интихобот қаноатманд ҳастанд ё чизи дигареро талаб мекунанд. Дар интихобот бояд тамоми спектри рафтори сиёсии қаҳрамонони асосии ин марҳила — одамонро таҳлил кард. Агар онҳо эътимодро ба як ниҳоди мушаххас, масалан, ба ниҳоди қудрати президентӣ ё ҳукумат гум карда бошанд, пас бояд дар бораи бӯҳрони ин ниҳод ё бӯҳрони институтсионалӣ суҳбат кард.

Бо ёрии интихобот, ҳамчун як механизми умумииҷтимоӣ,  ҳокимият таваллуд (а), мароми ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ (б), элитаи сиёсӣ расмӣ кунонида мешавад(в), назорат аз болои фаъолияти ҳокимият ва танзими ин фаъолият аз ҷониби шаҳрвандон таъмин мегардад (г).

Интихобот ҳамеша бо овоздиҳӣ алоқаманд аст. Вале бо вуҷуди наздикии ин мафҳумҳо, онҳо фарқиятҳои назаррас низ доранд. Интихобот одатан ҳамчун раванди нисбатан муназзам ва даврии интихоби ҳайати мақомоти давлатӣ, ки дар конститутсия ва дигар қонунҳо сабт шудаанд, фаҳмида мешавад. Овоздиҳӣ бошад, на ҳамеша бо интихобот алоқаманд аст. Он инчунин дар шаклҳои гуногуни демократияи мустақим, аз ҷумла, дар раъйпурсӣ, овоздиҳӣ, қабули қарорҳои дастаҷамъӣ дар маҷлисҳо ва ғайра истифода мешавад.

        Аз нуқтаи назари сиёсӣ муҳим он аст, ки номзадҳо на бо қобилиятҳои мусиқинавозию риёзидонӣ ва ахлоқӣ, балки бо қобилияти ба даст овардани дастгирии бештари иҷтимоӣ рақобат кунанд. Шумо кистед, фарқе надорад, аммо агар омма шуморо пайравӣ кунанд ва як гурӯҳ мухлисон дигарро, бояд интихоботи демократӣ ба аввалия афзалият диҳад. Ин аст чизи асосӣ. Асосҳои иҷтимоии номзадҳо рақобат мекунанд, на сифатҳои шахсии онҳо.

Танҳо ба интихобкунандагон ҳуқуқ дода мешавад, ки киро интихоб кунанд. Зеро онҳо судяи олии ҷомеаи демократӣ мебошанд. Агар онҳо бихоҳанд, аз паи як мухлисе мераванд, ки ояндаи дурахшонро ваъда медиҳад. Ҳизбҳо ва номзадҳои алоҳида метавонанд танҳо ташвиқот кунанд, худро таблиғ кунанд, бовар кунонанд, насиҳат кунанд ё дигар амалҳоро иҷро кунанд, аммо на онҳое, ки бо зӯроварӣ, фиребу найранг ё маҷбуркунии мустақим марз доранд.

Аз ин рӯ, ба интихобкунандагон тавсия медиҳем, ки дар интихоботи дар пешистода фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда, нафаре, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардааст ва дар оянда низ хизмат хоҳад кард, овоз диҳанд. Зеро ҳар гуна интихоб сатҳи камолоти ахлоқии мардумро нишон медиҳад.

Ба даъват ва суханрониҳои нафароне, ки барои ояндаи дурахшони давлат ҳеҷ як амалеро анҷом надода, балки аз дур истода, бародарро бо бародар душман ва мардумро ба муқобили давлат мешӯронанд, аҳамият надиҳед. Онҳо нафароне ҳастанд, ки номуси ватандорӣ надоранд, бо ду танга ватану миллати худро мефурӯшанд. Чуноне мегуянд, бо ҷанг ягон мулк обод нашудааст ва нахоҳад шуд. Ягона роҳи обод кардани давлат  муттаҳидӣ, ваҳдат, сулҳ, оромӣ, босаводӣ, сабр ва дигар омилҳои наку мебошанд.

Интихобот як раванди расмии интихоби як сиёсатмадори мушаххас аз ҷониби шаҳрвандон барои иҷрои корҳои давлатию ҷамъиятӣ, қабул ё радди як барнома ё изҳороти сиёсӣ мебошад. Ташаккули системаи муосири интихоботӣ аз Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар асри 17 оғоз меёбад.

Интихобот ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳукумат ё вакилони номатлубро дубора интихоб накунанд, ба ҷои онҳо одамоне интихоб шаванд, ки ба боварӣ сазоворанд. Агар мо сиёсатро дар маҷмӯъ ҳамчун роҳи сулҳомези ҳалли мушкилоти муҳим барои ҷомеа шуморем, пас интихобот мисоли равшани ин аст. Интихобот барои шаҳрвандон ва тамоми ҷомеа осонтарин роҳи гузариши осоишта ба демократияро таъмин мекунад.

Олимон интихоботро ба як клапани бехатарӣ ташбеҳ медиҳанд, ки буғи ҷамъшудаи норозигии мардумро бароварда, “дег”-и сиёсиро аз гармӣ ва таркиш муҳофизат мекунад. Бо кӯмаки интихобот на танҳо низоми сиёсӣ дар маҷмӯъ қонунӣ карда мешавад, балки ҳайати мушаххаси парлумон, ҳукумат ва баъзе дигар сохторҳои қудратӣ, ҳуқуқи онҳо барои идораи давлат эътироф карда мешавад. Ғайр аз ин, дар шароити муосир интихобот воситаи муассиртарини аз байн бурдани режими авторитарӣ ва ба сари қудрат омадани неруҳои демократӣ мебошад.

Интихобот муҳимтарин воситаи алоқаи шаҳрвандон ва ҳукумат аст. Номзадҳо бо мақсади таъмини дастгирии аксарияти интихобкунандагон бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, бештар табақаҳои осебпазир, аз ҷумла, нафақахӯрон, занони хонашин,  модарони серфарзанд ва дигароне, ки аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ норозианд, вомехӯранд, фикру дархости онҳоро гӯш мекунанд, барои амалӣ намудани мақсадҳои интихобкунандагон ваъдаҳои бисёре медиҳанд. Ва мардум бо як дилбаумедӣ ба сӯи ҳавзаи интихоботии худ мераванд, то  барои ислоҳ шудани камбудиҳои мавҷуда ба номзадҳое, ки ваъдаи бисёр додаанд, овоз  диҳанд.

Интихобот инчунин воситаи тавонои тағйир ёфтани ҳайати роҳбарикунанда мебошад. Зердастонро мувофиқи салоҳдиди роҳбарон зуд-зуд ва ба ҳар миқдор иваз кардан мумкин аст. Чунин тартиб инчунин ротатсия ё тағйирёбии ҳайати шахсӣ номида мешавад. Аммо дар ҷомеаи демократӣ мардум ба роҳбарон эътимод ё нобоварӣ изҳор мекунанд, баъзеро интихоб мекунанд ва дигареро интихоб намекунанд.

Тибқи консепсияи интихобот, ба овоздиҳанда рӯйхати алтернативаҳо пешниҳод карда мешавад. Мавҷудияти алтернативаҳо шарти ҳатмии интихобот мебошад. Набудани онҳо идеяи интихоботи сиёсиро рад мекунад.

Интихобот инчунин як мубоҳисаи кушоди сиёсӣ мебошад. Ғолиб на танҳо дар сари ҳукумат меояд, балки аз дастгирии қонунии аҳолӣ низ бархурдор мешавад. Интихобот ба ғолиб ҳуқуқи қонунӣ барои гузаронидани ҳама гуна ислоҳот ва қабули ҳама гуна қарорҳои сиёсиро медиҳад, ба шарте, ки онҳо ба манфиати интихобкунандагон равона карда шуда бошанд.

Интихобот аслан натиҷаи хидмати демократия буда, бо мафҳум ва арзишҳои умумии он пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳадафи асосии иҷтимоии интихоботҳо инъикоси мувофиқи ақида ва иродаи шаҳрвандон, таъмини намояндагии гурӯҳҳои асосии иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ, инчунин ташкили ҳукумати муассир мебошад.

 

Зайналобиддин Қурбонов,

Ҷамолиддин Раҳмонов,

кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон