Бо ибтикори Шӯрои занону духтарон дар толори калони донишкада бахшида ба Рӯзи байналмилалии барҳам додани зуроварӣ нисбати занон таҳти унвони “Якҷоя ба зӯроварӣ хотима медиҳем” бо иштироки васеи занону духтарон ҷаласа барпо гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия ва равобити байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева ва корманди ташкилоти “Наҷоти кӯдакон”-и СММ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қосимова дар мавзӯи пешгирӣ ва барҳам додани зуроварӣ нисбат ба занон дар ҷомеаи имрӯза баромад карда, ба занону духтарони донишкада маслиҳатҳои муфид доданд.
Сипас, узви Шӯрои кор бо занон ва духтарони донишкада аз кафедраи Дизайн ва меъморӣ Сатторова М.Ю. дар маърӯзаи худ ”Мавқеъи зан дар ҷомеа” доир ба сифатҳои офарандагию созандагӣ ва пешбарандагии зан дар ҷомеа сухан ронда, сарчашмаи саодату сарфарозии мардумро аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанин донист. Аз нигоҳи ӯ, танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.