Тибки нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбияи Донишкада дар факултети санъати тасвирӣ ва факултети дизайн ҷаласаи васеи сарпарастони гуруҳҳои академи бо иштироки сардори шуъбаи тарбия Эсанов Маҳмадшариф, раиси Шӯрои сарпарастони гуруҳҳои академи Усмонов Субҳон, раиси Шӯрои занон ва духтарон дар Донишкада Умарова Зумрад, муовини декани факултети санъати тасвирӣ оид ба тарбия ва корҳои эҷодӣ Сафарова Зарнигор, муовини декани факултети дизайн оид ба тарбия ва корҳои эҷодӣ Шарипов Намозалӣ ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ иштирок доштанд.
“Одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар рафтору кирдор ва гуфтору муносибати шахс бо аҳли ҷомеа пайдо мегардад, ки риоя ва ба ҷо овардани меъёру қоидаҳои он аз ҳар фард хусусиятҳои мушаххас ва муайянро талаб мекунад. Гузашта аз ин, масъалаи одобу ахлоқ аз муҳимтарин мавзуъҳои рӯзгори инсонӣ ба ҳисоб рафта, бо дар ҳаёти ҳаррӯза ва дар амал татбиқ намудани паёмҳои ахлоқӣ ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа нақши босазо мегузорад”, – қайд гардид дар ҷаласа.