ё ҳамовозӣ ба хитобаи “Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон”
Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи «Ман кистам?» ду омили асосӣ дорад: ҳувияти миллӣ ва эътиқоди динӣ. Барои мардуми тоҷик ин ду омил чун ду сутуни худшиносӣ мебошанд. Хитобаи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ҳеҷ гоҳ ихтилоф намемеофарад, зеро дар асл ин гуфта рамзи ду ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии мост: миллате куҳанбунёд ва дине, ки ҳазорсолаҳо моро роҳнамоӣ кардааст.
Тоҷик будан решаҳои фарҳангӣ ва тамаддундории мост, зеро мо, тоҷикон, як миллати куҳанбунёде ҳастем, ки таърихамон аз ҳазорсолаҳо пеш оғоз мегардад. Миллат танҳо ном набуда, он маҷмӯи арзишҳои адабӣ, фарҳангӣ, анъанавӣ ва модарист.
Яке аз чунин арзишҳои забони модарист. Забони тоҷикӣ забони илму адаб аст. Он забоне мебошад, ки Рӯдакӣ онро ба олам ҳамчун забони шеър муаррифӣ карда, Фирдавсӣ бо «Шоҳнома» асолати онро ҷовидона сохт, Саъдӣ ва Ҳофиз онро забони ҳикмат гардонда, Айнӣ, Лоҳутӣ ва Бозор Собир дар замони нав онро равнақ доданд. Бо ин забон насл ба насл таҷриба, дониш, ҳикмат ва ҷаҳонбинии тоҷикон интиқол ёфтааст.
Тоҷик будан ба маънои пайравӣ кардани аз фарҳанги гузаштагон аст. Суннатҳое, мисли Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва покии рӯҳ, меҳмонинавозӣ чун рамзи саховатмандӣ, эҳтиром ба пиронсолон нишонаи ахлоқи нек ва меҳнати ҳалол пояи зиндагии тоҷикона. Ин суннатҳо моро ҳамчун як миллат ба ҳам мепайванданд. Номи тоҷик дар таърихи тамаддун бо як қатор шахсиятҳои бузург пайвастагӣ дорад.
Ин ибора маънои муқоиса ё афзалияти яке аз дигареро надорад. Ин танҳо тарзи баёнест, ки нишон медиҳад миллат заминаи ҷомеавии инсон буда, инсон аз рӯзи таваллуд ба як миллат ва забон тааллуқ дорад. Миллат муҳити аввалини мо, муайянкунандаи урфу одат ва фарҳанги мост, дин бошад, такмили ҷаҳонбинии инсон аст ва эътиқод дар солҳои баъдӣ пайдо шуда, бо дониш, тарбия ва хоҳиши шахсӣ устувор мегардад. Аз ин рӯ, хитобаи «Ман аавал тоҷикам, баъд мусалмон» мафҳуми зайлро дорад: аввал инсон худро дар ҷомеа ҳамчун узви як миллат дарк мекунад, баъдан тавассути эътиқод ҷаҳонбинии руҳонии худро ба камол мерасонад.
Ҳамин тавр, вақте ки инсон ҳар ду ҷузъро бо фаҳмиши дуруст қабул кунад, ба як шахсияти комил, бофарҳанг ва боақл табдил меёбад. Ҳувияти миллӣ ва динии мо на рақибанд ва на ҷудо, балки ҳамдигарро пурра ва мустаҳкам мекунанд.
ФАЙЗУЛЛОЕВА Мусалама Мансурҷоновна,
муаллими калони кафедраи техналогияи иттилоотӣ ва иқтисод
