Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳарии Тоҷикистон санаи 30.12.2022, маҷлиси ҳисоботии соли 2022-ро дар Донишкада доир намуд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ масъалаҳои зерин матраҳ шуданд:
1. Ҳисоботи ректор оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2022;
2. Ҳисоботи раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишкада дар соли 2022;
3. Ҳисобот дар бораи фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба ташкили фонди ихтиёрӣ дар соли 2022;
Сараввал ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳайати профессорону омӯзгорон дар маҷмӯъ аҳли толорро бо фарорасии Соли нави мелоди табрику муборакбод намуданд.
Дар идома оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкада дар давраи ҳисоботии соли 2022, раиси иттифоқи касаба Саидбек Комилов ва раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба ташкили фонди ихтиёрӣ доир ба корҳои анҷомдода дар ин давра ҳисобот доданд.
Дар маърӯзаи ҳисоботии ректори Донишкада қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишкада дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Дар ин давра шумораи донишҷӯёни аълохон ба 47 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар зиёд мебошад. Боқимонда ҳудуди 90 %- и донишҷӯён сессияҳои имтиҳонотиро дар давраи ҳисоботи ҷамъбаст намудаанд. Натиҷаи сессияи имтиҳонотӣ ва таҳлили муқоисавӣ миёни ду сессияи имтиҳонотии давоми сол дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот ҳанӯз беҳбудӣ металабад.
Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорону дигар кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмӣ 110 ва дар рӯзномаҳо 35 мақолаи илмию оммавӣ нашр карда, дар давоми сол аз ҷониби онҳо 46 дастури таълимӣ-методӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо ба чоп расонида шуд. Инчунин қобили зикр аст, ки дар соли ҷорӣ 2 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи илмӣ-назариявии кафедравӣ гузаронида шуд. Дар ин давра ҳайати профессорону омӯзгорон дар 13 намоишҳои инфиродӣ, донишкадавӣ ва байналмиллали иштирок намуда асарҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Ҳамзамон 54 дарси маҳорати касбӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада гузаронида шудааст. Шумораи унвонҷӯён 16 нафарро ташкил дода, дар давраи мазкур як нафар корманди донишкада ҳимояи рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуд.
Бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 9 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, бо 2 академияи миллии дигар давлатҳо ва инчунин бо зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.
Дар охир вазифаҳои нави муайяншуда барои соли 2023 номбар карда шуда, таъкид гардид, ки дар донишкада ба донишҷӯён беҳтарин рассомон, аз ҷумла Рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорону дотсентҳо бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Донишкада дорои синфхонаҳои муосири таълимӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, устохонаҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва толори фарҳангӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъминанд. Самти таълим асосан ба эҷод нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар идома ҳисоботи раисони Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкада Комилов Саидбек ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба ташкили фонди ихтиёрӣ Холов Мизроб дар соли 2022 шунида шуд.
Ҳайати кормандон ва профессорону омӯзгорони донишкада ҳар як ҳисоботро дар алоҳидагӣ мавриди муҳокима қарор дода ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба ва Комиссияи фонди ихтиёрӣ дар соли 2022 баҳои мусбат дода, аҳли маҷлис бо як овоз натиҷаи фаъолияти онҳоро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ тамоми озмунҳои донишкадавӣ (омӯзгори сол, куратори сол ва донишҷӯйи сол), бозиҳои интеллектуалӣ, чорабиниҳои варзишие, ки бахотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 10-солагии Донишкада ташкил ва гузаронида шуда буданд ҷамъбаст гардида ғолибон бо Ифтихорномаҳо, тӯҳфаҳои моливу пулӣ ва дар самти варзиш бошад бо Ҷоми фахрӣ аз ҷониби Раёсати Донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом ба 6- нафар омӯзгорони Донишкада барои фаъолияти пурсамар ва заҳматҳои шоёнашон дар самти тарбия ва ба камол расонидани шогирдон дар соли 2022 бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.