Боиси ифтихору сарфарозист,ки санаи 29.11.2022 ҳимояи рисолаи номзадии сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсияи донишкада ҚОБИЛОВА МАСТОНА ПИРУМШОЕВНА аз рӯйи ихтисоси “5.6.1. -Илмҳои таърих” дар назди Шӯрои диссертатсионии 73.1.017.01 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки номбурда таҳти роҳбарии д.и.т., профессори кафедраи санъатшиносӣ Ибриҳимов Муродалӣ Файзалиевич дар мавзӯъи “Традиции и нетрадиционные элементы в исторической одежде таджиков” тадқиқоти хешро сарбаландона ба сомон расонидаанд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҚОБИЛОВА МАСТОНА ПИРУМШОЕВНАРО бо ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиашон барору комёбиҳои аз ин бештарро орзу менамоянд.