8 июн дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳимояи рисолаи магистрӣ шуруъ шуд. Рӯзи нахуст барои шаш нафар аввалин ҳимоякунандагон бомуваффақият анҷом ёфт. Панҷ нафар бо баҳои аъло ва як нафар бо баҳои хуб аз имтиҳони навбатӣ гузаштанд.
Имсол аз ҷамъи умумии 65 нафар магистранти донишкада 30 нафар рисолаи магистрӣ ҳимоя мекунад.