Пас аз анҷоми баромадҳои меҳмонон дар маҳфили адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ”, бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” қисмати фарҳангии чорабинии мазкур оғоз гардид.
Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни Донишкада намоиши муди либосҳои занона ва мардона ташкил карда шуд.
Дар идома, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён ва сокинону меҳмонон барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” доир карда шуд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар симои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи иҷрои рисолати калидии хеш, ки омода ва ба камол расонидани мутахассисони ҳирфаии соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад, инчунин дар самти тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии насли ҷавон аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Роҳбари хирадманду тавонои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои эстетикиву ахлоқӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва такмили касбияти ҷавонон вобаста ба ҷаҳони муосир саҳми арзандаи худро гузорад.