Баъд аз намоиши асарҳои эҷодии рассомони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ ҳамагонро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош намуда, қисмати сиёсии маҳфили адабӣ – фарҳангиро, таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ҳусни оғоз бахшид. Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвари хуршедии мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд.
Дар идома, Ширинбекзода Садриддин Авазбек – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, зимнан тамоми иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” табрику таҳният намуданд.
Дар баромадҳо зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Дар интиҳои қисмати мазкур як қатор ҷавонони фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” бо Ифтихорномаи ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.