Муассисаи давлатии таҳсилоти олиии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
Мудири кафедра
- Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод-1 ҷой
- Мудири кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-1 ҷой
Талабот барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:
-доктори илм ва ё номзадони илм, профессор ва ё дотсент бошад;
-бо унвони ифтихории Љумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рўйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд;
–собиқаи кори илмӣ-педагогӣ ва эҷодии довталаб барои ишғоли вазифаи холии мудири кафедра бояд на кам аз 5 сол бошад, равия ва ихтисоси базавиаш ба равияи фаъолияти кафедра мувофиқ бошад, ҳамчунин дар 5 соли охир муаллиф ё ҳаммуаллифи на кам аз 2 дастурамали таълимию методӣ, ки бо тавсияи Шӯрои методии Донишкада нашр шудаанд, 1 монография (бобҳои монографияи гурӯҳӣ), 2 мақолаҳои илмӣ ё корҳои эҷодӣ ва ё 2 фишурдаи баромад (тезис) – ҳои семинару конференсияҳо бошад;
-доштани китоб ва албомҳои нашршуда, ки ба эҷодиёти вай бахшида шудаанд;
– иштирокчии намоишҳои эҷодии фардӣ ё гурӯҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ, ҳамчунин доштани албоми чопшуда ё буклети расмӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун;
- дар ҷузвдони алоҳида (папка файл) ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома;
- 4 дона сурати ¾;
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
- рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- талабот барои шахсоне, ки дар Донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.

