Дар Осорхонаи миллиии Тоҷикистон Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уэкерро тамошо кард.
Қайд гардид, ки Гюнтер Уэкер рассом ва ҳайкалтароши маъруф буда, муаллифи силсилаи расмҳо бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ аст.
Ӯ бо илҳом аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ садҳо асар ва эскиз тасвир кардааст, ки “Хотира аз Ҳофиз” унвон гирифта, қаблан дар оромгоҳи Ҳофиз, китобхона ва бойгонии миллӣ дар Шероз, осорхонаи Имом Алӣ дар Теҳрон ва дар Дюсселдорфи Олмон ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз намоиши байналмилалии асарҳои ин рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ таҳти унвони “Хотира аз Ҳофиз” дар Осорхонаи миллӣ баргузор мегардад.