7 сентябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Шанбегии мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанӣе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии Донишкада бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани саҳну атрофи муассиса, синфхонаву устохонаҳои таълимӣ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони донишкада фаъолона ширкат варзида, ҳудуди муассиса, синфхонаву устохонаҳои таълимӣ, роҳраву даҳлез, маҷлисгоҳу китобхона ва кӯчаву роҳравҳои пиёдагарди ҳамшафати онро тозаву озода намуда, бехи дарахтону ниҳолҳоро нарм намуданд, фаршҳоро шустач покиза карданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда бо ташаббуси роҳбарияти донишкада пайваста роҳандозӣ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда бо ташаббуси роҳбарияти донишкада пайваста роҳандозӣ мешаванд.
Иқдоми мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои донишҷӯён, муҳити хуби корӣ барои устодону кормандон, инчунин, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани ин боргоҳи илму ҳунар мусоидат менамояд.