Субҳи имрӯз дар доираи омодагӣ ба соли нави хониш дар бинои таълимӣ ва хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани саҳну атрофи муассиса, синфхонаву устохонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хобгоҳ, ошхонаву маҷлисгоҳ ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда бо ташаббуси роҳбарияти донишкада пайваста роҳандозӣ мешаванд.
Иқдоми мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои донишҷӯён, муҳити хуби корӣ барои устодону кормандон, инчунин, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани ин боргоҳи илму ҳунар мусоидат менамояд.