Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян карда, ба масъалаҳои муҳими маънавӣ, аз ҷумла худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди арзишҳо, фарҳангҳо ва идеологияҳо шиддат гирифтааст, масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз омилҳои калидии таъмини суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат табдил ёфтааст. Паём дар ин замина ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо аҳамияти хос дошта, ҷомеаро ба дарки амиқи арзишҳои миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худогоҳии маънавӣ ҳидоят мекунад.
Таҳлили мазмуни Паём нишон медиҳад, ки худшиносӣ омили воқеии ташаккули сиёсати давлатӣ ва рафтори иҷтимоии шаҳрвандон мебошад. Худшиносӣ, пеш аз ҳама, аз шинохти инсон ба худ, ба ҷойгоҳ ва масъулияти ӯ дар ҷомеа оғоз мегардад. Чунонки дар Паём таъкид шуд, худшиносӣ танҳо дар донистани ному насаб, ҳолати иҷтимоӣ ё вазифаи рӯзмарра маҳдуд намешавад, балки он раванди пайвастаи худогоҳӣ, худбаҳодиҳӣ ва назорати ахлоқии рафтору кирдори инсон аст. Ин раванд аз таҷрибаи зиндагӣ, омӯзиши сабақҳои таърихӣ, андешаҳои мутафаккирон ва таъсири муҳити иҷтимоӣ ташаккул меёбад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи худшиносии миллӣ ҳамчун заминаи устувори давлатдории миллӣ ишора гардида, таъкид мешавад, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бидуни такя ба ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ наметавонад самаранок ва пойдор бошад. Ин андеша бо нуқтаҳои муҳими матни пешниҳодшуда ҳамоҳанг аст, ки дар он худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамчун пояи бақои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, забон, расму ойин ва анъанаҳои таърихӣ баррасӣ мешаванд. Худшиносии миллӣ дар ин маврид на танҳо эҳсоси мансубият, балки масъулияти таърихии ҳар фардро нисбат ба гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки масъалаи худшиносӣ ба масоили ахлоқи инсонӣ алоқаи бевосита дорад. Дар назари аввал шояд аҷиб намояд, ки худшиносӣ чӣ маънӣ дорад, одам худашро бояд чӣ хел шиносад, он ки вай ному насабашро медонад, оиладорӣ ва тарбияи фарзандонашро медонад. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ одам медонад, ки аъзои бадани вай аз чӣ тартиб ёфтааст ва аъзои баданро чӣ хел ҳифз кардан ва тоза нигоҳ доштан лозим аст.
Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мисли ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ як илме набуд, ки аз он дар мактабҳо дарс гӯянд. Аммо худшиносӣ як ҷанбаи ахлоқи инсонӣ буд, ки онро ба ҳар тарзу восита ба одамон талқин мекарданд. Худшиносӣ ҳидоят, роҳнамои зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб набояд гумон кард, ки худшиносиро фақат аз китобҳо хонда, омӯхтан мумкин бошад.
Худшиносӣ аз зиндагӣ таҷриба омӯхтан, аз устодон сабақ гирифтан ва ниҳоят ба кирдору рафтори худ назорат кардан аст. Ба одамон бадӣ накун, бубин, ки агар ба ту бадӣ намоянд, ба ту чӣ қадар сахт мерасад, бадӣ кардани ту ба дигарон низ ба ҳамин андоза сахт ва пурозор аст. Чунин мисолу таҷрибаҳоро аз зиндагӣ бисёр овардан мумкин аст.
Бале, дар зиндагӣ бисёр мардони кордида ва аз таҷрибаи рӯзгор сабақ гирифта ҳастанд, ки онҳо ба мо дарси худшиносӣ медиҳанд. Бинобар ин, чунон ки дар Юнон худшиносӣ як мавзӯи баҳси олимону файласуфон гардид, дар таърихи маънавиёти мо ҳам дар ин мавзуъ бисёр мунозираву мубоҳисаҳо сурат гирифта ва китобу рисолаҳо таълиф шудаанд.
Маорифпарварони ҷаҳон, аз ҷумла маорифпарварони мо, махсусан Аҳмади Дониш дар бораи худшиносии инсон бисёр фикрҳои ҷонсӯзона ва пурфоида гуфтаанд. Аҳмади Дониш ба муқобили уламои фиқҳу калом, ки инсонро танҳо як фарде мешуморанд, ки дар дунё барои иҷрои тоати Ҳақ омадаасту вазифаи ӯ барои дунёи охират андӯхтани савобу амали солеҳот аст, рад карда мегуфт, ки барои инсон тоати Ҳақ воҷиб аст. Аммо Офаридгор инсонро танҳо барои тоату ибодат наофаридааст, балки барои иҷрои вазифаҳое, ки воҷиботи инсон аст, халқ намудааст. Инсон бояд донад, ки ӯ барои обод доштани дунё омадаст, обод доштани дунё ба илму дониш ва касбу ҳунар, фарҳанг муяссар мешавад. Аз ин сабаб инсон бояд донишҳои гуногунро фаро гирад.
Аз нигоҳи луғавӣ вожаи худшиносӣ, чунон ки дидем, агар аз як ҷониб тарафи муштараки ҳувият бошад, аз ҷониби дигар ба маънии фарохтаре доман мезанад. Он мисли дарахти солхӯрда самарбори ҷовидонаест, ки дар заминаи андешаи миллӣ сабзишу нумӯ дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои мутахассиси хуб шудан бояд шахс аввал ба рафтору гуфтори худ дуруст баҳо дода тавонад, худро шинохта тавонад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди тамаддунҳоро ба вуҷуд овардааст, таҳкиму рушди давлати миллӣ ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, танҳо тавассути омилҳои зеҳнӣ ба танзим дароварда мешавад. Аз ин рӯ, барои рушду тақвияти ҳувияти миллӣ метавон омилҳоеро ҳамчун асос истифода намуд, ки ҷомеаро аз хатарҳои дохилию бурунмарзӣ, аз қабили хурофотпарастӣ, ситезаю низоъҳои оилавӣ, каҷрафторӣ, моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои харобиовари замони муосир наҷот бахшида, дар ин замина, барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Хулоса, худшиносии миллиро метавон ҳамчун воситаи таъмини амнияти устувор ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлат дар роҳи ҳифзу нигоҳдории мувозинати ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ дар замони пур аз идеологияҳои номутаносиб донист. Зеро ягона воситаи суботу амнияти иҷтимоӣ ва рушди тафаккури миллӣ танҳо бо эътирофу таҳким бахшидани ҳамин маслак, ҳамчун амри муҳиму зарурӣ, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда метавонад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди диёри азизамон ӯҳдадор аст, ки ваҳдати миллие, ки бар ивази ҷоннисориҳо ба даст омадааст, дар навбати худ аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ҳифз намояд.
Паёми Пешвои миллат дар заминаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ як паёми амиқи маънавӣ ва стратегӣ мебошад, ки ҷомеаро ба худогоҳӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Дар ҳамоҳангӣ бо андешаҳои илмӣ ва таърихии маорифпарварони миллӣ, Паём худшиносиро ҳамчун омили калидии суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат муаррифӣ менамояд. Таҳкими худшиносии миллӣ дар шароити муосир на танҳо як зарурат, балки шарти асосии бақои давлатдории миллӣ ва амнияти маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
ҲАИТОВ Фирӯз Мирзомуродович,
мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура
НЕЪМАТОВА Мунира Амиршоевна,
омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод