Ҷаҳонишавӣ – раванди алоқаи зич ва вусъатёфтаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишварҳо аст, ки имрӯз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсониро фаро гирифтааст. Аммо ҳамроҳи имкониятҳои нав, ин раванд мушкилот ва хатароҳои ҷиддиеро низ ба вуҷуд овардааст, ки яке аз онҳо афзоиши коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Коррупсия ҳамчун истифодаи нодурусти вазифаҳои давлатӣ барои манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ, имрӯз дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ ба як мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин мақола ба таҳлили омилҳо, оқибатҳо ва роҳҳои мубориза бо ин хатари ҷиддӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида шудааст.
Яке аз хусусиятҳои асосии ҷаҳонишавӣ кушодашавии марзҳо барои тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ имкон медиҳанд, ки ширкатҳои бузург, шахсони сарватманд ва бонуфуз, инчунин гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз номукаммалии қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба манфиати худ истифода баранд. Масалан, истифода аз ҷойҳои бо имтиёзи андозӣ (бо андозҳои кам) ва низомҳои молиявии пӯшида ба шахсони сарватманд ва ширкатҳо имкон медиҳад, ки миллиардҳо долларро аз назорати давлатҳои худ пинҳон намоянд. Пули рақамӣ ва блокчейн ҳам барои шаффофият фоида меоранд, ҳам барои ҷинояткорон роҳ мекушоянд.
Дигар хавфи асосӣ ноҳамвории қонунгузории байналмилалӣ аст. Ҳокимияти қонунӣ дар баъзе кишварҳои камтараққӣ ва нодир суст аст, ки ба ширкатҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки ришва ва фиребро барои дастёбӣ ба захираҳои табиӣ ё бозорҳои маҳаллӣ истифода баранд. Масалан, дар баъзе кишварҳои Африқо ва Осиё, ширкатҳои бузург бо додани ришва ба мақомдорон шартномаҳои беадолатона мебанданд, ки ба муҳити зист ва зиндагии мардум зарар мерасонад.
Коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо ба иқтисод зарар мерасонад, балки суботи сиёсӣ ва адолати иҷтимоиро низ заиф мекунад. Натиҷаи аввалини коррупсия ё нодурустии иқтисодӣ, афзоиш ва шиддат гирифтани фарқияти байни табақаҳои сарватманд ва фақир мебошад. Коррупсия, вақте ки манфиатҳои як гурӯҳи хурд, ки ришва ё амалҳои нодуруст мекунанд, на ба манфиати умумии ҷомеа, балки ба манфиати худ ҷамъоварӣ мешаванд, ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ зарар мерасонад. Дар асл, ин раванди фасод на танҳо боиси нобаробарии иқтисодӣ мегардад, балки ба тараққиёти иҷтимоии кишварҳо низ монеа мегузорад. Ба гуфтаи Созмони Transparency International, ҳар сол коррупсия зиёда аз 2,6 триллион долларро ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарар мерасонад. Ин маблағ метавонад барои бартараф кардани мушкилоти глобалӣ, мисли норасоии хӯрокворӣ ва бемориҳо дар кишварҳои камтараққӣ истифода шавад. Агар ин маблағ ба дурустии роҳбарӣ ва чораҳои адолатӣ сарф мешуд, метавонист, ки аҳамияти муҳим ва манфиати умумиро таъмин кунад, ба такмили зиндагии миллионҳо одамон дар кишварҳои зери таҳдид кӯмак кунад.
Коррупсия на танҳо ба иқтисод ва ҷомеа, балки ба ҳуқуқи инсон низ зарар мерасонад. Агар демократия ва ҳуқуқи инсон осеб бинад, мардум наметавонанд ба адолат расанд ва ҳукуматҳо метавонанд бе тарс ва масъулият амал кунанд. Масалан, дар баъзе кишварҳо шарикатҳои хориҷӣ (ширкатҳои байналмилалӣ) барои ба даст овардани консессияҳо (ҳуқуқ ё имтиёз барои истифодаи манбаъҳои табиӣ ё инфрасохтор, масалан, манбаъҳои маъданӣ ё нафту газ) ба сиёсатмадорон пулҳои ғайриқонунӣ медиҳанд. Ин амалҳо боиси эътирозҳо ва ҳаракатҳои зиддиҳукуматӣ мешаванд.
Сӯиистифода аз захираҳои табиӣ низ яке аз оқибатҳои вазнини ин раванд аст. Корпоратсияҳое, ки ба воситаи коррупсия иҷозатномаҳои экологивиро мегиранд, боиси нобуд кардани ҷангалҳо, ифлосшавии обу ҳаво ва таъсири манфӣ бар ҳаёти одамон мешаванд.
Бартараф кардани коррупсия ва дигар мушкилоти марбут ба он, танҳо тавассути ҳамкории ҷаҳонӣ имконпазир аст. Барои ин, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз коррупсия (UNCAC) вуҷуд дорад, ки яке аз асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкории кишварҳо дар мубориза бо коррупсия ва мубодилаи маълумот мебошад. Ҳамкории мамлакатҳо дар сатҳи байналмилалӣ, бо таъмини қонунҳои дуруст, ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои озод ҳамчун як қисми муҳими механизмҳо барои созиш ва мубориза бо коррупсия меоянд. Агар ҳамаи ин соҳаҳо ба ҳам пайваст шаванд, мумкин аст, ки коррупсия дар тамоми ҷаҳон маҳдуд ва бартараф карда шавад.
Технология низ метавонад як ҳалли муҳим бошад. Истифодаи блокчейн (технологияи сабти мустаҳкам ва шаффофи амалиётҳо дар шабакаи дистрибутсионӣ) барои пайгирии амалиётҳои молиявӣ, системаҳои электронӣ барои ҳукуматдорӣ ва коҳиш додани коррупсия дар хизматрасониҳо, ва кушодани маълумот дар бораи шартномаҳои давлатӣ, ба воситаҳои самаранок ва муосир мубаддал мешавад. Масалан, дар Украина, платформаи ProZorro барои расмии кардани шартномаҳои давлатӣ коррупсияро то 50% коҳиш дод.
Интихоби сарварони ростқавл ва посдори қонун дар сатҳи байналмилалӣ хеле муҳим аст. Агар сарварон барои риояи қонун ва иҷрои он масъул бошанд, онҳо метавонанд барои мубориза бо фасод ва амалҳои ғайриқонунӣ кӯмак кунанд. Таъсиси муассисаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои тафтиши фасод ва иҷрои адолат як зарурат аст, ки метавонанд ширкатҳои фасоднокро ба ҳисоб гиранд ва аз ҷониби Interpol ё ҳайатҳои вижа ҷазо дода шаванд.
Коррупсия дар асри ҷаҳонишавӣ на танҳо мушкили миллии як кишвар, балки хатари умумибашарӣ аст, ки тараққиёти адолатӣ ва устувориро таҳдид мекунад. Мубориза бо ин мушкил танҳо бо ҳамкории давлатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконпазир аст.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки кишварҳо бо ҳам пайванд шудаанд, агар фасод дар як кишвар шиддат ёбад, таъсири манфии он метавонанд ба тамоми ҷаҳон паҳн шавад. Ба ҳамин тартиб, барои пешгирӣ аз фасод ва таъмини рушди устувор, бояд дар ҳама муносибатҳо, махсусан иқтисодӣ ва сиёсӣ, шаффофият, масъулият ва қонунҳои байналмилалӣ риоя шаванд. Агар ҳамаи ин принсипҳо амал кунанд, мо метавонем аз имкониятҳои ҷаҳонишавӣ истифода бурда, ҷаҳони беҳтар ва рушдкардаро созем.
Раҷабов А.Р. ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод