Дар асоси нақшаи кори ва ҷадвали фоизбандии хатмкунандагони бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада, ки аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э., тасдиқ шудааст, ҷиҳати назорат ва дар амал татбиқ намудани иҷроиши корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва эҷодии магистрантон дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ фоизмуайянкунии иҷрои рисолаҳои хатм бо ҳузури ҳайати комиссия ва роҳбарони илмӣ ташкил карда шуд.
Ҳайати комиссия рафти иҷроиши қисмати корҳои эҷодии рисолаи хатми магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, дизайни дохили бино, дизайни робитави дар соҳаи истеҳсоли ва хизматрасонӣ, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, манзаранависӣ ва санъатшиносиро муҳокима намуда, барои рафъи камбудиҳо ва мунтазам кор намудан аз болои худ дар самти илму эҷод ба магистрантон тавсияву машваратҳои судманд доданд.