Рӯзи 8-уми феврали соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси муштараки Донишкада, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи дизайнерон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ҷиҳати баррасии Дастурамали тавсиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Ҷаласа таклифу пешниҳод ва хулосаҳоро барои тасдиқ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.