Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд 9 июн бо мазҳакаи драматурги шинохтаи тоҷик Султон Сафаров дар мавзуи муҳими бақои оила бо номи “Келини ҷойдорӣ” меҳмони саҳнаи толори намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардид.
Мазҳака аз он ҷиҳат диққати тамошобинони донишкадаро ҷалб намуд, ки он мавзуи барои ҷумҳурии мо муҳим – посдории оиларо, ки ҳоло ба мавзуи муҳим табдил ёфтааст, дар бар мегирифт.
Хушбахтона, дар ин асар дахолати хусуру хушдоман ба ҳаёти оилавии ҷавонон, ки сабаби асосии барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон дониста мешавад, созгору созанда аст. Модари хонадон (ҳунарпеша Орифа Ғафурова) ҷиҳати тарбияи келини ҷавонаш (дар нақш Сурайё Хоҷаева), ки ба писараш (ҳунарпеша Фирдавс Ҷӯраев) носоз асту ин ҳар лаҳза метавонад ба ҷудоии оилаи ҷавон анҷом ёбад, тадбирҳо андешида, муҷиби пойдор ва устувор мондани оила мегардад.
Мазҳака бо бозии ғайриодӣ серҳаракат, низоъи тезу тунд дар иҷрои даҳ нафар ҳунарпешагон, аз ҷумла Умар Мирзоаҳмадов, Маҳира Қандова, Насиба Каримова, Муқим Икромов, меҳрубонию лафзи ширини насиҳатомези модар (О. Гафурова) ва дигарон аз ҷониби коргардон Суҳроб Шехов ва рассом Ғуломҷон Қосимов хеле ҷолибу диданӣ ба намоиш гузошта шуда, аз чониби тамошобинони ҷавони донишкада хуш пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми намоиш сармаъмури театр Ҷобир Ғафуров дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки бо назардошти муҳимияти мавзуъ, театр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки мазҳакаи мазкурро аз 9 то 16 июн дар ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба намоиш гузоранд ва аз номи роҳбарияти театр ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат барои фароҳам овардани шароити хуби намоиш миннатдорӣ баён намуд.