15 ноябри соли 2025 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шералиев Ҷамолиддин Давлаталиевич, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, устодон ва донишҷӯёни муассиса штирок намуданд.
Чорабиниро Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкада оғоз намуда, Рӯзи Президентро ҷашни ифтихорофарин барои ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонони эҷодкор унвон карда, таъкид намуд, ки таҳти ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн дар кишвар пурра инкишоф ёфта, инфрасохтори таълимӣ ва имкониятҳои эҷодии донишҷӯён ба маротиб рушд кардааст.
Дар идомаи ҳамоиш Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович, доктори илмҳои таърих, профессор ДМТ баромад намуда, таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолият сиёсати давлатдорӣ ҳамаи соҳаҳо, аз таъмини субот то рушди илм ва фарҳанг, таҳти роҳбарии Пешвои миллат такмил ёфта, Тоҷикистон ба як давлати муқтадиру босубот табдил ёфт.
Профессор Шарифов нақши шахсияти таърихӣ ва сиёсати стратегию байналмилалии Президенти кишварро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, ҷашни Рӯзи Президентро таҷассуми эҳтироми мардум ба Пешвои миллат арзёбӣ карда, иброз дошт, ки Пешвои миллат пайваста ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла санъати тасвирӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳунармандонро дастгириҳои моддию маънавӣ мекунад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ Шералиев Ҷамолиддин Давлаталиевич, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, баромад намуда, оид ба сиёсати ҲХДТ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таҳкими худогоҳии миллӣ изҳори назар карда, Рӯзи Президентро ҷашни ваҳдат, ифтихор ва худшиносии миллӣ унвон кард ва саҳми Пешвои миллатро дар пешрафти таърихии давлат арзишманд хонд.
Ҳамзамон, Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович, мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада, роҷеъ ба “Нақши низоми идоракунии президентӣ дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон” маърӯза карда, иброз дошт, ки идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон низоми муҳими ташкилдиҳандаи давлатдории миллӣ мебошад. Дар тӯли солҳои Истиқлолият ин низом ҳамчун такягоҳи асосии субот, ваҳдати ҷомеа ва рушди сиёсиву иқтисодии кишвар баромад кардааст. Маҷмӯи амалҳои стратегӣ, хирадмандӣ ва сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд, ки низоми идоракунии президентӣ барои шароити Тоҷикистон мувофиқтарин ва муътамадтарин моделест, ки метавонад давлатро аз буҳрон барорад, пойдории онро таъмин намояд ва асосҳои рушди устуворро таҳким бахшад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони фаъоли муассиса унвонҳои соҳавӣ ва сипосномаю ифтихорнома тақдим карда шуданд.