Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкада иштирок намуданд.
Ҳамоишро ректори муассиса Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ ду ҷашни муҳими миллӣ мебошанд, ки нақши калидии омӯзгорон ва забонро дар рушду таҳкими фарҳанг ва маърифат таъкид мекунанд. Рӯзи омӯзгор ҷашне аст, ки саҳми устодонро дар таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули маърифати ҷавонон эътироф мекунад. Ин рӯз хотиррасон мекунад, ки омӯзгорон на танҳо дониш меомӯзанд, балки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва миллӣ, ҳамчунин ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватанро ба донишҷӯён интиқол медиҳанд.
“Ин ҷашн ҳамчунин барои қадр кардани заҳматҳои омӯзгорон ва дастгирии онҳо дар иҷрои вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ аҳамияти махсус дорад. Рӯзи забони давлатӣ бошад, аҳамияти забонро ҳамчун рукни асосии фарҳанг, рамзи ҳастии миллӣ ва воситаи асосии муошират ва омӯзиш таъкид мекунад. Ин рӯз хотиррасон мекунад, ки ҳифзи забони модарӣ ва дуруст истифода бурдани он барои рушду тавсеаи фарҳанг ва тарбияи насли оянда муҳим мебошад. Забони давлатӣ воситаи нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва расму оинҳои миллӣ мебошад ва таваҷҷуҳ ба он барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифат аҳамияти калон дорад”, – гуфт ректор.
Дар идомаи ҳамоиш муовини Раиси ҲХДТ Каримзода Мирзоқосим баромад карда, гуфт омӯзгорон ҳамчун роҳнамо ва тарбиятгари насли ҷавон нақши калидӣ доранд. Рӯзи забони давлатӣ хотиррасон мекунад, ки забон на танҳо воситаи муошират аст, балки рамзи ҳастии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Ҳифзи забони модарӣ ва омӯзиши дурусти он барои рушди маърифати ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифат аҳамияти калон дорад.
Абдураҳим Шоҳиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, зимни баромадаш қайд кард, ки омӯзгорон дар сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо ва тарбиятгари насли ҷавон нақши калидӣ доранд. Онҳо на танҳо дониш ва малакаҳои касбиро ба ҷавонон меомӯзанд, балки арзишҳои фарҳангӣ, анъанавию миллӣ ва забонии давлатиро низ ба насли наврас интиқол медиҳанд. Ҳар омӯзгор бо таҷрибаи бой ва масъулияти баланд намунаи ибрат барои донишҷӯён мебошад ва саҳми онҳо дар тарбияи шахсияти ҷавон ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа хеле арзанда аст. Узвияти омӯзгорон бо ҳизб имконият медиҳад, ки барномаҳои тарбиявӣ ва маърифатии ҳизб дар байни ҷавонон амалӣ гарданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандону омӯзгорон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи донишҷӯён бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳои раёсати Донишкада қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, ба як қатор собиқадорони муассиса мукофотпулиҳо тақдим шуданд.
Ҳамзамон, ректор аз номи Раёсати Донишкада ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ, ки маҳсули заҳмати устодон ва донишҷӯёни муассиса мебошанд, эъто намуд.