Monday, September 8, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА

07.09.2025

542115091_2004195293687624_2736362310992634935_n542115091_2004195293687624_2736362310992634935_n
543034383_2004195097020977_5005076851491473748_n543034383_2004195097020977_5005076851491473748_n
543225668_2004195347020952_1327004039088634765_n543225668_2004195347020952_1327004039088634765_n
542685224_2004195457020941_1862165804617751285_n542685224_2004195457020941_1862165804617751285_n
544417108_2004195713687582_834622330941302390_n544417108_2004195713687582_834622330941302390_n
542676016_2004195603687593_5117192813527641333_n542676016_2004195603687593_5117192813527641333_n

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ҳаётзода Алиакбар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наргис Ҳамидова, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкада, муовинони ректор, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишкада ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи санъати миллии тасвирӣ ва барқарор намудани ёдгориҳои фарҳангиву меъморӣ бештар гардида, ба шинохти арзишҳои милливу адабӣ замина гузошта шуд.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар пайи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъати тасвирӣ ва дизайн тамоми шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, дар якчанд муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои бачагонаи санъат, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони ин соҳа омода карда мешаванд. Дар ин миён саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун меваи замони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу густариши анъанаҳои неки фарҳангии халқи тоҷик ва тайёр намудани мутахассисони соҳа назаррас аст. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳо ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд”, – гуфт ректор.

Дар идома Ҳаётзода Алиакбар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карда, гуфт, ташкили номинатсияи алоҳидаи «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз дастовардҳои дигари соҳибистиқлолист. Иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонон дар ин сабқат нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба ин навъи ҳунар зиёд аст. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат баъди гузарондани озмун дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наве барои ташаккули фарҳанги муосир ва санъати ороишӣ боз гардид. Озмун барои мукаммал намудани захираи кадрӣ, ташаккул додани раванди вусъати неруҳои эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ, оммавигардонии жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ, дизайн ва меъморӣ, ғанӣ гардондан, инчунин фаъол намудани тафаккури бадеӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

“Мактабҳои бачагонаи рассомӣ ва санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ ба густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати аҷдоди мусоидат менамояд. Бинобар ин, имрӯз қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабҳои санъати бачагона фаъолият доранд, ки барои тарбия намудани истеъдодҳои наврас саҳми сазовор доранд”, – гуфт мавсуф.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки рассомони тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушду камоли санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо мегузоранд. Рассомону ҳунармандон муаррифони фарҳангу санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Онҳо дар асарҳои эҷодии баландмазмуни худ ғояҳои Истиқлоли давлатӣ, табиати зебои Ватани азизамон, меҳнати пурбаракати аҳли заҳмати мамлакатро инъикос намуда, ба ҳаводорони санъати тасвирӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ пешкаш менамоянд. Офаридаҳои рассомон инъикоси мавзуъҳои сулҳу ваҳдат, зебоии табиату ҳифзи он ва дастовардҳои соҳибистиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, насли наврасу тамошобинонро ба ватандӯстӣ ва тарбияи меҳанпарастӣ даъват менамоянд.
Сипас, Ҳаитов Фирӯз, мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада маърӯза карда, зикр намуд, ки барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо талошҳои роҳбарияти олии давлат ва дастгирии қувваҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲХДТ, ба воқеият табдил ёфт. Ҳизб ҳамчун такягоҳи асосии Пешвои миллат, роҳи сулҳофариро тарғиб намуд ва тавассути вохӯриҳо бо мардум, ташкили ҷаласаҳои маҳаллӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аҳамияти оромӣ ва ваҳдатро ба ҷомеа фаҳмонд. Агар сулҳу ваҳдат таҳкими аввалин пояи истиқлол бошад, пас нақши ҲХДТ дар он бунёдӣ ва таърихӣ аст.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ низ зимни суханрониашон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ иброз доштанд, ки «Ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгор таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд»”, – гуфт мавсуф.

Дар хотима барномаи фарҳангии консертӣ бо фарогирии суруду таронаҳои ватандӯстона аз ҷониби гуруҳи эҷодии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов тақдим гардонида шуд, ки писанди хотири ҳамагон гашт.
Ба қафо

КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ ВА ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

Ба пеш

Рӯзи китоб

Ба пеш
Рӯзи китоб

Рӯзи китоб

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГИИ ПУРСАОДАТ» ДАР КИТОБХОНАИ ДОНИШКАДА 06.09.2025
  • ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БИНОИ ТАЪЛИМӢ ВА ХОБГОҲИ ДОНИШКАДА 06.09.2025
  • Рӯзи китоб 05.09.2025
  • ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА 05.09.2025
  • КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ ВА ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 04.09.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон