Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкада, муовинони ректор, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори муассиса Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло суханронӣ намуда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкадаро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрику таҳният намуда, барояшон муваффақияту комёбӣ ва пешравиҳои назаррасро дар самти корҳои илмиву эҷодӣ ва омода намудани мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба бозори имрӯзаи меҳнат дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн таманно намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин раванд, нақши илму маориф ва фарҳангу санъат беназир аст. Маҳз шумо – омӯзгорони гиромӣ, бо заҳмати софдилонаву садоқатмандӣ ояндаи миллатро месозед ва фарзандони моро дар рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва созандагӣ тарбия менамоед.
“Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста боло рафта, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳияву барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат фиристода шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат сол аз сол вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф беҳтар мешавад. Дар ин маврид метавон иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори ҳама муассисаҳои самти иҷтимой аз 20 то 30 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои илму маориф аз 1-уми сентябри соли 2025 ёдоварӣ намуд”, – гуфт Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тарбияи шаҳрвандони соҳибмаърифату ватандӯст мебошад. Ин вазифа бар дӯши устодон, падару модарон ва хонандагону донишҷӯён гузошта шудааст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамеша барои баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю кӯшиш намоянд.
“Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои устувор дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва раванди созандагӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, ки бояд барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошад, заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст”, – гуфт муовини вазири фарҳанг.
Баъди анҷоми қисмати тантанавӣ ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса ба меҳмонхонаи “Серена” ташриф оварда, дар нигористон он намоиши инфиродии асарҳои эҷодии рассоми санъати ороишӣ-амалӣ муаллими калони кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев Шифоев Сорбон Қурбонович таҳти унвони “Ногуфтаҳо”-ро, ки бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, тамошо карда, ба ҳунари волои рассом баҳои баланд доданд.