Наққошӣ – ҳунари офаридани нақш, маҳсулоти эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои бостонии санъати ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ин санъат бо нафосати хосаи шарқиёна ва таърихи куҳани худ аз дигар навъи санъат фарқ мекунад. Барои аз бар кардани ҳунари наққошӣ шахс бояд тамоми нозукиҳои онро омӯхта, ба ин касб дил бандад.
Нақши миллӣ ва анвои он тариқи наққошӣ, умуман, ба василаи санъати ороиши амалӣ, аз мавзӯъҳои хеле муҳим маҳсуб ёфта, замони ҷаҳонишавии муосир ва ба ҳам омадани тамаддунҳо эҳёву зинда доштани ҳунарҳоеро тақозо дорад, ки ифшогари асолати миллианд.
Наққошӣ-нақшакашӣ, нақша, нақш ва нақшу нигорро фаро мегирад. Нақш дар санъати тасвирӣ бо усули муайян такроран сабт кардани порчаҳои ҳандасиву наботӣ мебошад. Дар нақш асосан унсурҳои тарҳрезӣ истифода мешаванд, ки ин фарқияти асосии он аз санъати тасвирӣ иборат мебошад. Барои ҳамин, нақш танҳо хоси ҳунари наққошӣ ба ҳисоб меравад.
Санъати наққошӣ аз қадим дар байни устоҳои халқӣ ва касбӣ маълум буда, наққошон аз навъҳои гуногуни он – ислимӣ, занҷира, гиреҳ, лоламадохил ва дигарон васеъ истифода мебурданд. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносони Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфта будааст. Инкишофи ҳунарҳои миллии мардумӣ, ба мисли меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ мусоидат мекардаанд. Нақши миллии Ориёӣ аз даврони Ҷамшед ва Зардушт 5-8 ҳазор сол пеш то ба имрӯз омада расидааст. Он замон онҳо ислимӣ, ҳандасӣ ва ҳайвонӣ номида мешудаанд.
Ҷавҳари нақши ислимиро шоху баргу банд, муғча, лола, сунбул ва ғайра ташкил мекунанд. Намунаҳои онро мо дар харобаҳои тахти Ҷамшед дар Эрон, дар шаҳри Бухорову Самарқанд ва Панҷакенти қадим дида метавонем. Нақшҳои ислимӣ метавонанд якрафтор, дурафтор, серафтор, содда ё мураккаб бошанд.
Нақши ҳайвонӣ зооморфӣ ва ё омехта номида шуда, ба бовариҳои мардум вобастагӣ дорад. Масалан, мо дар тахти Ҷамшед сари гов ва дар мадрасаю кушкҳои шаҳри Самарқанд расми шер, оҳу, парандаи симурғро метавонем дид. Пояи нақшу нигорро нақши гиреҳ ташкил медиҳад ва дар замини он аносири нақшу нигори ислимӣ ғунҷонда мешавад. Масалан, дар секунҷа, чоркунҷа, шашкунҷа, ҳашткунҷа метавон нақшҳои ислимиро ворид намуд.
Одатан, устоҳои сангтарош, кандакор, гулдӯз аз тарҳе, ки наққошон тайёр кардаанд, истифода мебаранд. Бисёр наққошон, аз ҷумла, устоҳо Мирзораҳмат Олимов, Яъқуб ва Юсуф Рауфовҳо, Мирмаъсуд Солиев, Ғафур Мансуров ва дигарон бо кандакорон ҳамкорӣ мекарданд. Наққошони моҳир бе қолаби тарҳ якбора нақшҳои хеле мураккабро кашида метавонистанд. Ҳар хел нақшу нигор усторо қонеъ намекард. Масалан, наққош медонист, ки ин ва ё он навъи нақш барои ороиши сутун мувофиқ меояд, вале барои шифти хона зебанда нест.
Дар шароити истиқлоли давлатӣ ва эҳёи санъати миллӣ ҳунари наққошон дар сохтмони қасрҳо ва дигар биноҳои маъмурию истиқоматӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Аз наққошӣ сухан ба миён оварда, аз устодони ин санъат, ки навъҳои гуногуни онро дар эҷодиёти худ истифода бурда, санъати қадимаи наққошии тоҷикро ривоҷу равнақ додаанд, наметавон ёдовар нашуд. Мирзораҳмат Олимов яке аз рассомони бузурги санъати наққошии тоҷик аст, ки омӯзиши ин санъатро аз синни ҳаштсолагӣ, соли 1899 оғоз намуда, аввалин устоди ӯ дар ин ҷода падараш ва баъдан устодони халқии шаҳри Хуҷанд буданд. Рассомону наққошони ин шаҳри бостонӣ Ҳоҷӣ Мирҳалим, Қорӣ Мирнеъматов ва дигарон ба ӯ дар ин касб меҳру муҳаббат, сабру тоқат ва меҳнатдӯстиро омӯзондаанд.
Яке аз корҳои беҳтарин ва калонтарин Мирзораҳмат Олимов ороиши наққошии чойхонаи “Роҳат” дар пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе мебошад.
Вақте ки соли 1957 дар Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе гурӯҳи наққошӣ кушода мешавад, Мирзораҳмат Олимов ба донишҷӯён дар ин даргоҳ, ки ҳоло номи ӯро дорад, ин навъи санъатро меомӯзонд. Ӯ рассомон ва наққошони зиёди ҷумҳуриро тарбия карда, ба камол расонидааст. Аксар корҳои М. Олимов ба санаву симоҳои бузурги таърихӣ бахшида шудаанд. “30-солагии РСС Тоҷикистон”, “40-солагии РСС Тоҷикистон”, “50-солагии Ҳокимияти Советӣ”, “50-солагии РСС Тоҷикистон”, “50-солагии ВЛКСМ”, “Умари Хайём”, “Санъат аз они халқ аст” аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои рассом ва наққош ба шумор мераванд. Кори бо услуби кундал оро додаи М. Олимов дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (соли 1941) баҳои баланд гирифтааст.
Ӯ яке аз аввалин наққошонест, ки услуби қадимтарин ва мураккаби кундалро аз нав зинда кард. Корҳои кундалии М. Олимов аз ҳамдигар бо нақшу нигорҳои гуногун фарқ мекунанд. Ӯ дар ҳамаи асарҳои эҷодкардааш нозукиҳои усули нусхапартоию нусхакаширо ба назар гирифта, нақшунигорҳои ҷолиби диққат офаридааст. Дар эҷодиёти М. Олимов нақшҳои гиреҳ ва ислимӣ мавқеи хос доранд. Ӯ анъанаҳои беҳтарини наққошӣ, кундалкорӣ, нақшбандӣ, нусхапартоиро идома дода, ба онҳо мазмуну мундариҷаи нав бахшидааст. М. Олимов дар корҳояш баробари усули нақшҳои ороишии анъанавӣ (меҳробӣ, гиреҳ, ислимӣ, гули аждар, қӯштаноб, ишкелак, гули насрин, шоҳбарг, думи товус, касагул, себарга, қаламфур, тоҷи хурӯс, бунафша, бодом ва ғайра, мотивҳои эмблемавии дос ва болға, ситораи панҷгӯша, ғӯзаи пахта, кабутар ва ғайраро истифода намудааст. Якчанд лавҳаҳои нақшини М. Олимов дар музеи Маданияти Шарқ дар шаҳри Москва маҳфузанд. Ӯ иштирокчии даҳаҳои санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва солҳои 1941 ва 1957, инчунин як қатор намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ буда, соли 1966 ба Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва соли 1959 ба унвони Рассоми халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Меҳроҷиддини Н.
Бахтибекова Г.,
устодони ДДСТДТ