Tuesday, September 16, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН

07.09.2025

496522677_1914087799365041_694495065160944481_n496522677_1914087799365041_694495065160944481_n
497727484_1914088866031601_3566591499859158443_n497727484_1914088866031601_3566591499859158443_n
496923113_1914089472698207_5650526224944569953_n496923113_1914089472698207_5650526224944569953_n

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», ки аз 27 майи соли 2017, №262, тасдиқ шудааст, вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Сафолзода Комрон Муҳаммад, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Алиакбар Ҳаётзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садафмо Сафарзода, сармутахассиси кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозоров Умед, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов Худойбердиева Ҷамила Чоршанбеевна, муовини ректор оид ба таълим, деканони факултетҳо, мудирони шуъбаву кафедраҳо, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Ваҳдат, Варзоб, Хуросон, Турсунзода, А. Ҷомӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Файзобод ва хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии муассиса иштирок намуданд.
Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори муассиса, вохӯриро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел, имрӯз вобаста ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, ҳамзамон мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир дар назди соҳа масъалаҳои муҳим гузошта шудаанд.

“Тағйироти замони муосир дар фазои маориф дар роҳи тайёр намудани мутахассисони дорои дониши густурда, маҳорат ва малака, ҷаҳонбинии фарох, нерӯи пурқуввати эҷодӣ, ки қодир ба истифодаи моҳирона аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд, инчунин таҷрибаи бою рангин дар масъалаи омода кардани омӯзгорон вазифаҳои нав ба миён мегузорад. Масъалаи бо сифати баланд тайёр кардани омӯзгорони равияҳои фарҳангу санъат, аз ҷумла санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, дизайн, бофандагии бадеӣ, ҳайкалтарошӣ ва монанди ин яке аз масоили муҳим маҳсуб ёфта, омили рушди салоҳиятнокии касбии омӯзгорони ин самт ба шумор меравад”, – гуфт ректор.

Таъкид гардид, ки тайёр кардани омӯзгорону мутахассисони тахассусӣ ҷиҳати истифодаи моҳиронаи донишҳои бадастоварда дар фаъолияти меҳнатии ояна яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, раёсат ва кулли кормандону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули салоҳиятҳои касбии мутахассисони оянда зимни таҷрибаи омӯзгорӣ тамоми саъю талошашонро ба харҷ дода истодаанд.
Дар идомаи вохӯрӣ Садафмо Сафарзода, сармутахассиси кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз тақсимоти мутахассисони ҷавон қисми таркибии барномаи асосии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад ва он ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил нигаронида шуда, бо мақсади аз ҷониби донишҷӯён аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта, истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

“Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шӯъбаҳои рӯзонаи равияҳои омӯзгорӣ, ғайриомӯзгорӣ ва гурӯҳҳои шартномавии ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро баргузор менамояд, зеро таъмини муассисаҳо бо кадрҳои ҷавону ҷавобгӯи талаботи замони муосир, хусусан мутахассисоне, ки дорои ҳулқу атвори ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстианд, дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”, – гуфт Садафмо Сафарзода.

Сипас, Худойбердиева Ҷамила Чоршанбеевна, муовини ректор оид ба таълим, дар мавриди теъдоди хатмкунандагон иттилоъ дода, зикр кард, ки имсол муассисаро 151 нафар хатм мекунанд, ки аз онҳо 73 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз омори зикргардида 67 нафар дар шакли буҷҷавӣ таҳсил доранд.

“Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми кишвар аз 3 январи соли 2025 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025” дар муассиса Комиссияи донишкадавӣ оид ба тақсимоти хатмкунандагон таъсис ёфта, дар раванди корҳои фаҳмондадиҳии пешакӣ ҳар як донишҷӯ талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) шинос шуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санади зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд”, – гуфт муовини ректор.

Ҳамзамон, Алиакбар Ҳаётзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, гуфт, мутобиқи қисми 2-и моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд. Ин хатмкунандагон то 3 сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд ва аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасманд гардонидани омӯзгорони ҷавон дар кишвар як қатор тадӣиру имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст. Масалан, дар асоси Қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон”, ки аз соли 2006 амал мекунад, қарз дар ҳаҷми то 6 ҳазор сомонӣ бо меъёри 3 фоизи солона ба омӯзгорони ҷавон дода мешавад. Ба мутахассисони ҷавон ғайр аз ин бидуни навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст”, – гуфт номбурда.

Таъкид гардид, омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, Сафолзода Комрон Муҳаммад, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон, баромад карда, дар мавриди самтҳои фаъолияти ин ниҳод ва имкониятҳои таъминшавӣ бо кор дар ин муассиса маълумот дод.
Зимни суҳбат доир ба талаботи тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон маълумот дода шуда, донишҷӯён бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд» шинос шуда, доир ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ огоҳ шуданд.

Тақсимот мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда, бо дарназардошти ихтисос, хоҳиш ва имкониятҳои воқеии минтақаҳо сурат гирифт. Ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар самти тақвияти сифати таълим ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони ҷавон арзёбӣ гардид.

Ба қафо

ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ «ШОМИ ҶАВОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба пеш

Маҳфили навбатии менеҷер ва барномасози ҷавон:

Ба пеш
Маҳфили навбатии менеҷер ва барномасози ҷавон:

Маҳфили навбатии менеҷер ва барномасози ҷавон:

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ  15.09.2025
  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 08.09.2025
  • НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 08.09.2025
  • ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА 08.09.2025
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГИИ ПУРСАОДАТ» ДАР КИТОБХОНАИ ДОНИШКАДА 06.09.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон