Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи аксияи ҳизбии тақдими либоси варзишии футбол бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ба ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло либоси варзишӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қатъномаи махсус оид ба эълон намудани 25-уми май, ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”-ро қабул намуд, ки он нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба тариқи расмӣ эътироф менамояд.