Санаи 27.04.2022 ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» доир ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа баргузор гардид. Ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” профессор Ғанизода Ҷ.Ш. ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба суйи арзишмантарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Сипас муовини раиси ташкилот Давлатзода Г.Ш доир ба фаъолияти семоҳаи ҳизб ҳисобот дод.
Зимни ироаи ҳисобот гуфта шуд, ки ташкилот зимни ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, талаботҳо ва санадҳои ҳизбиро дар амал татбиқ намуда, семоҳаи соли 2022-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кард. Ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаҳои созандаи роҳбари давлат, раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди муназзами соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва зиндагии шоистаи сокинони он корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Ташвиқу таблиғи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши қарорҳои Анҷуманҳо ва семинарҳои омӯзишии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хуб ба роҳ монда шудааст. Дар семоҳаи соли 2022 чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ карда шуда, онҳо дар сатҳу сифати тоза бо ҷалби васеи аъзои ҳизб гузаронида шуданд. Аъзои ҳизб, ҳамеша дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳамин тариқ, дар давоми семоҳаи соли 2021 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки аксарияти аъзоёни ташкилоти ҳизбиро кормандони он ташкил медиҳанд, миёни донишҷӯён зиёда аз 20 чорабинии сиёсӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» гузаронида шудааст.
Музокирачиён аз рӯи маърӯза — мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ Субҳон Усмонов, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Эшонқулов А.А. ва профессори кафедраи санъатшиносӣ Иброҳимов М.Ф., фаъолияти ташкилоти ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш донистанд.
Пас аз фикру мулоҳизарониҳо фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Дизайн»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо як овоз қаноатбахш дониста шуда, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳаитов Ф.М.,
котиби ташкилоти
ибтидоии ҳизбии “Дизайн”