Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – 23 феврал ва 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Ҷамомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада доир ба масъалаҳои тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ. Ч. кушода, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат- зодаи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар 28 соли мавҷудияташ ҳамчун сипари боэътимод вазифаи муқаддаси худ – ҳифзи марзу буми Ватан ва рӯзгори осудаю осоиштаи мардуми онро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварад. Фазои софу беғубори кишвар, побарҷойии сулҳу салоҳ ва зиндагии осоиштаи мардум аз ҳар ҷиҳат ба садоқату масъулият ва фидокории ин қувва дар назди халқи Ватан вобастагии қавӣ дорад. Таъмини ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз шумори вазифаҳои аввалиндараҷаи дигарест, ки қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бар душ дорад.
Сипас, меҳмони маъракаи тантанавӣ, корманди Академияи вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи идоракунии давлатии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков ба минбар даъват шуда, бо аҳли толор доир ба таъйинот ва аҳамияти Қувваҳои мусаллаҳи чумҳурӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ва вазъи нобасомони имрӯзи ҷаҳон, аз садоқати худ дар ҷодаи хидмат ба халқу Ватан, роҳи тӯлонии ҳаёти ҳарбиаш, ки бо бурдборӣ ба душвориҳо аз аскари одии қаторӣ то ба рутбаи генералӣ расидааст, мулоқот ороста, аз ҷавонони донишкада даъват ба амал овард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро вазифаи муқаддаси худ донанд ва баъди хатми донишкада ҳатман дар пайи адои қарзи шаҳрвандии худ –хизмати ҳарбӣ бошанд.
Ҳамин тавр, сардори шуъбаи методии донишкада Рахимова Елена Базарбаевна, раиси Шӯрои занон Зумрад Умарова ва чанде дигарон аҳли толорро ба Рӯзи Артиши миллӣ-23 феврал ва 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфтанд.
Дар анҷом ба як гуруҳ донишҷӯён, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омада буданд, Сипосномаҳои раёсати донишкада супурда шуда, ҳаваскорони санъати донишкада ва коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов табъи иштирокчиёни ҷамъомадро бо консерти муштараки рақсу сурудҳои дилнишин шод гардонданд.