Имрӯз дар толори намоишгоҳ ва китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор шуд.
Баъди хотимаи пахши мустақими суханронӣ иштирокчиён доир ба муҳтавои Паём андешаҳои худро баён карданд. Таъкид гардид, ки тамошои дастаҷамъонаи Паём барои донишҷӯён имконияти огоҳӣ аз стратегияҳои рушди кишвар, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳимияти омӯзиши сиёсати давлат мебошад.
Дар фарҷом ба кормандону устодон дастур дода шуд, ки нуктаҳои асосии Паёмро дар фаъолияти таълимб ва тарбиявии худ истифода баранд.

