Имрӯз дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон, муовинони ректор, сардорони воҳидҳои сохторӣ, деканони факултету мудирони кафедраҳо, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ мустақиман тариқи телевизион тамошо карда шуд.
Баъд аз анҷоми суханронӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён роҷеъ ба муҳтавои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат табодули афкор сурат гирифта, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён вазифадор гардиданд, ки ин роҳнамоиву супоришҳоро сари вақт иҷро намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳар як Дарси сулҳи Пешвои миллат мактаби таҷриба, дониш ва роҳнамоӣ буда, омӯзгорон вазифадоранд, ки моҳияти онро дар миёни шогирдонашон ҳангоми дарсҳои кураторӣ ва маҷлисгоҳи гуруҳӣ шарҳу тавзеҳ диҳанд