Ҳамкорони гиромӣ, устодону донишҷӯёни азиз!
Бо эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ ҳар яки шуморо ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.
Имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва рӯҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат накўтарин ҷашнвораи миллату давлатамон – 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Истиқлол нишонаи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, рушду тараққиёти ҷомеа, ҷашни хушнудӣ, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оғози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард.
Истиқлол ормони ҳазорсолаи мардуми шарафманди мо буд, ки дар баробари ба даст овардани он кишвари азизамон ва халқи обрӯманди Тоҷикистон бо сарварии шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза аз дастовардҳои нав ба нав бархӯрдор мешавад. Соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд. Ба ин васила ояндаи неку осоишта, зиндагии сарбаландона ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ насиб гардид.
Лозим ба қайд аст, ки марҳилаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси раиси он интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Маҳз ҳамин анҷумани саодати миллат ба гузоштани хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва заминаи боэътимоди сулҳу субот асос гузошта, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст. Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳак зикр намуданд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравем. Дар ин замони рушди устувор мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебарем ва барои ободии ин сарзамин кӯшиш менамоем
Имрўз ифтихорманду сарбаланд аз онем, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ соҳиби давлати миллӣ, кишвари озоду обод гардидем. Аз ин рў, бояд ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бо азму талоши шоиста ҳар яки мо ҳамчун соҳибони арзандаи ин Ватан саҳмгузор бошем.
Истиқлолият барои мардуми мо рамзи озодӣ, худшиносӣ ва рушди пойдор буда, ба мо имкон дод, ки бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагӣ, ваҳдату амният ва пешрафти босуботро интихоб намоем. Дар ин муддати таърихӣ кишвари мо дар ҳамаи самтҳо – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои назаррас ба даст оварда, обрӯю мақоми хешро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор сохт.
Соҳаи фарҳангу ҳунар ва махсусан, санъати тасвирӣ ва дизайн низ аз фазои озодиву истиқлолият баҳра гирифта, рушду нумӯ ёфт. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷавонони боистеъдоди тоҷик бо асарҳои беназири худ анъанаҳои асили миллиро зинда намуда, онҳоро бо таҷрибаи ҷаҳонӣ пайванд мезананд. Донишкадаи мо низ ҳамчун як маркази бузурги илму ҳунар дар таҳкими пояҳои фарҳангӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзандаи худро мегузорад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо — устодони арҷманд барои заҳмати пурбаракат ва ба донишҷӯёни эҷодкор барои талошу кӯшишҳояшон изҳори сипос менамоям. Бовар дорам, ки дар заминаи дастовардҳои истиқлолият мо минбаъд низ барои рушди илму ҳунар ва муаррифии фарҳанги волои тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ иқдомҳои муассир хоҳем кард.
Бигзор парчами Истиқлолият ҳамеша парафшон бошад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боз ҳам шукуфову обод гардад! Иди Истиқлолият муборак, ҳамкорони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз!