Кормандону устодони муҳтарам!
Имрӯз дар саросари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи пурфайз, ки оғози соли нави таҳсил ва ҳамзамон, Дарси сулҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ҳамаи шумо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну хонандагон ва волидайни арҷмандро самимона шодбош мегӯям.
Рӯзи дониш танҳо оғози соли нави таҳсил нест. Ин ҷашн рамзи вуруд ба ҷаҳони маърифат, оини дӯстиву ваҳдат ва қадами устувор ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Барои насли наврас ва ҷавони кишвар ин рӯз аз ҷумлаи лаҳзаҳои хотирмон ба ҳисоб меравад, ки роҳи пурмасъулияти омӯзишу худшиносӣ ва сафар ба олами илму адабро боз мекунад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин раванд, нақши илму маориф ва фарҳангу санъат беназир аст. Маҳз шумо – омӯзгорони гиромӣ, бо заҳмати софдилонаву садоқатмандӣ ояндаи миллатро месозед ва фарзандони моро дар рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва созандагӣ тарбия менамоед.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат рушди илму маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдид гардиданд. Барномаҳои муҳими давлатӣ, аз қабили озунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» имконият фароҳам оварданд, ки муҳассилин бо илму техникаи муосир ошно шуда, завқи китобхонӣ ва таҳқиқоти илмиро бештар дар ниҳоди хеш рушд диҳанд.
Ҳамзамон, бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста боло рафта, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳияву барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат фиристода шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат сол аз сол вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф беҳтар мешавад.
Дар ин маврид метавон иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори ҳама муассисаҳои самти иҷтимой аз 20 то 30 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои илму маориф аз 1-уми сентябри соли 2025 ёдоварӣ намуд.
Дар воқеъ, тавре ки Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ба пешрафт ноил намешавад». Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки омӯзгорони тоҷик дар саросари кишвар ҳамчун такягоҳи асосии давлатдорӣ ва созандагони воқеии ояндаи кишвару миллат эътироф шудаанд.
Ҳадафи асосии мо таҳкими Истиқлоли давлатӣ, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тарбияи шаҳрвандони соҳибмаърифату ватандӯст мебошад. Ин вазифа бар дӯши ҳар яки мо – устодон, падару модарон ва хонандагону донишҷӯён гузошта шудааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша барои баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю кӯшиш намоем.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои устувор дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва раванди созандагӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, ки бояд барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошад, заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Бузургтарин дастоварди кишвар дар масири 34 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор гардидани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Дар ин маврид, бо ифтихор зикр менамоем, ки ин комёбиҳои беназир маҳз ба туфайли хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст. Ба ин хотир, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзиши азизтарин қадру қимат дошта, ҳифзу таҳкими он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб меравад.
Бо итминони комил мегӯям, ки шумо – насли ҷавон, бо заҳмати пайваста ва донишандӯзии муттасил барои шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳед гузошт.
Бори дигар ҳамаи шумо, устодон ва шогирдони гиромӣ, волидон ва аҳли илму маорифро бо Рӯзи дониш, фарорасии соли нави таҳсил ва 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, муваффақият ва комёбиҳои нав орзумандам.