Ӯстодон, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!
Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният, ғалаба бар фашизм 78 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана қайд мекунанд.
Ҳафтоду ҳашт сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорӣ хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пайки Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Имрӯз хотираи он родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту рушди соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст. Дар оянда низ корнамоиҳои падару бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо хоҳад буд. Мо ҷонбозиҳои ононро пос дошта, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору пайкори созандаву бунёдкоронаи моро нохалафҳои ҷангҷӯву фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ва самимияти хос ҳамагонро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва музаффариятҳо таманно дорам.
Иди Ғалаба муборак!