Муҳтарам устодон, кормандон, донишҷӯён, ҳунармандони соҳибистеъдод ва ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муборак ва воқеан миллӣ – Рӯзи Президент табрик менамоям. Ин рӯзи фархунда, ки дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон мақоми хосса дорад, ҳар сол моро водор месозад, ки ба масири тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор назар афканем, аз корҳои созанда баҳра гирем ва барои ояндаи дурахшони давлат бо ҳисси масъулият қадами устувортар гузорем.
Рӯзи Президент ифодаи арҷгузории мардум ба роҳбарияти оқилона, сиёсати дурандешона, заҳмати шабонарӯзӣ ва рисолати таърихии шахсиятест, ки таърихи нави кишварро шакл дод ва Тоҷикистонро аз як давраи ҳассос ба масири суботу пешрафт, сулҳу ваҳдат ва давлатдории муосир бурд. Ин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар дарозои беш аз се даҳсола давлату миллатро ба арзишҳои устувори ваҳдати миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва бунёдкории иҷтимоӣ раҳнамоӣ карда истодаанд.
Дар замоне, ки ҷаҳон пур аз ихтилофу бархӯрд, бӯҳрону ҷангҳои идеологӣ ва иқтисодӣ аст, сиёсати устувор ва сохтмони давлатии Пешвои миллат барои мардуми тоҷик сипари боэътимод, омили субот ва заминаи бунёди ояндаи дурахшон гардид. Сулҳи тоҷикон, ки имрӯз ҳамчун як таҷрибаи беназири ҷаҳонӣ эътироф шудааст, натиҷаи бевоситаи иродаи қавӣ, ҷасорат, хирад ва ҳимоятгарии арзишҳои инсонпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Сиёсати фарҳангсолорона ва ҳунарпарваронаи Пешвои миллат барои рушду нумӯи соҳаҳои санъат, меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва эҳёи мероси фарҳангии тоҷикон заминаҳои васеъ фароҳам овард. Маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз санъати тасвирӣ, дизайн, меъморӣ ва дигар ҳунарҳои касбӣ дар кишвар ба марҳилаи нав ворид гардидаанд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар партави ин сиёсати муассир ба маркази муҳими омодасозии мутахассисони соҳавӣ табдил ёфта, яке аз муассисаҳои пешқадам дар тарбияи рассомон, тарроҳон, меъморон ва ҳунармандони навгаро мебошад. Дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳодати он аст, ки ҳайати коллективи мо бо илҳом аз сиёсати давлатии Сарвари давлат роҳи эҷод, такмил ва рушди маҳорати ҳунарии худро интихоб кардаанд.
Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки фаъолияти ҳаррӯзаи устодони донишкада, эҷодиёт ва таҳсили донишҷӯён, ташаббусҳои илмӣ ва навоваронаи ҳунарӣ ҳама дар самти иҷрои ҳадафҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии шаҳрвандӣ ва боло бурдани нуфузи санъати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ равона шудаанд. Зеро санъат танҳо инъикоси воқеият набуда, он оинаи ҳастии миллӣ, тарғибгари арзишҳои фарҳангӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдории муосир мебошад.
Рӯзи Президент бар ҳар яки мо имконият медиҳад, ки ба сиёсати кишвар бо диди амиқтар назар кунем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ расем, дастовардҳоро пос дорем ва барои рушди Тоҷикистони азиз саҳми шахсии худро гузорем. Боварӣ дорам, ки аҳли Донишкадаи мо минбаъд низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, муҳаббат ба Ватан ва заминаи қавии донишҳои касбӣ дар рушду густариши фарҳангу санъати кишвар нақши муассир мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи раёсати Донишкада ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни бузурги миллӣ – Рӯзи Президент табрик гуфта, таманно дорам, ки ҳар рӯз дар кору фаъолият, эҷод ва таҳсилатон комёбиҳои нав ба даст оред. Бигзор дар дилҳо оромӣ, дар хонадонаатон файзу баракат ва дар қалбатон муҳаббат ба Ватан ҳамеша нур афшонад.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша шукуфон, сулҳу ваҳдаташ ҷовидон, фарҳангу ҳунараш поянда ва ояндаи давлаташ бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшон бошад! Рӯзи Президент муборак бошад, ҳамватанони азиз!