Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамаи кормандону донишҷӯёни донишкада ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфта, барояшон тандурустии комил, барори кор, зиндагии шоиста дар муҳиту фазои софу беғубор ва файзу баракати рӯзгор таманно дорад.
Бигзор, Наврӯзи хуҷастапай ба Ватани азизи мо ҳамчун пайки саодат, шинохти асолати миллат ва пойдорию бақои давлат ба рӯҳияи бунёдкорона ва созандаи мардуми мо неруи тоза бахшида, дастовардҳои кишвари азизамон мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибватан гардад.
Бигзор, ин иди баҳори дилафрӯз дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намунаи олии хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва зеботарин ҷашни шодмонии башарӣ то ҷовидон боқӣ бимонад.
Наврӯз муборак, дӯстони азиз!