Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст”.
Ҷомеаи инсониро дар ҳар давру замон монеае садди роҳи рушду такомулаш мегардад ва баъзан ин монеа то ҷое пайваста дунболагираш низ месозад. Аммо инсоният ҳамоно бо чунин зуҳури ноҷову номатлуб доимо дар набарду мубориза қарор дорад, то ки зиндагии бофараҳ ва пур аз нишотро насибаш созад. Маҳз коррупсия аз зумраи чунин монеаҳост, ки ҳанӯз аз дуриҳо ҳамқадам бо ҷомеаи башарист ва ҷодаи ҳаёти ӯро ором намегузорад.
Коррупсия аз замонҳои пеш то ба имрӯз шабеҳи мушкилоти печида ва мубрами инсоният дар тамоми давраи рушди тамаддун фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеаи инкишоф ва шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ хусусиятҳои хос, аз ҷумла аз порагирӣ то сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабиро касб кардааст. Он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии инсонӣ таъсири манфии худро мерасонад ва дар сурати бетаваҷҷуҳӣ, аз эҳтимол дур нест, ки асари он минбаъд ҳам афзояд.
Воқеан, зуҳуроти коррупсия боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3.08.2021, таҳти №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» қабул карда шуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки Стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои дастаҷамъонаи ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт мебошанд. Стратегияи мазкур қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.
Ҳадаф ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Стратегия, инчунин ҳамкории фаъоли байналмилалӣ ва ёрии ҳамдигариро дар доираи ҳамоҳангсозии мубориза бо коррупсия бо ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Вазифаҳои Стратегия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқӣ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ, низоми қонунгузории муқовимат ба коррупсия дар доираи стратегияи зикркардида мавриди такмили ҳуқуқӣ қарор гирифта, меъёрҳое дар он мустаҳкам гардидаанд, ки онҳо бевосита муайянкунандаи асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия буда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва муътадилии фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидаанд.
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд.
Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонунвайронкуниҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.
Ҳамин тавр, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон баҳри амалишавии Стратегияи мазкур тамоми шароит ва имконот вуҷуд доранд, танҳо ҷомеаро таконе мебояд ва он такон маҳз мавриди ин падида соҳибмаълумот будан аст. Боқӣ узви ҷомеаи мутамаддинро ростандешиву ростқавлӣ ва росткорӣ пӯшишест тақозошавандаву арзанда.
забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ