Имрӯз бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Назариён Обид Одилзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов” – Ҷурахонзода Сироҷиддин ва сардори Раёсати фарҳанг дар Вилояти Суғд- Бахтиёр Қосимов бо кормандон ва масъулони раёсат, шӯъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Назариён Обид Одилзода ба Вилояти Суғд бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят- ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳамроҳӣ менамоянд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки
тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид.
Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол натанҳо омӯзгорон ва донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.
Бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.
шаҳри Хуҷанд
19.04.2023