Тибқи протоколи ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Зиёзода, имрӯз ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур асарҳои эҷодии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, як қатор магистрантону донишҷӯён тасвири манзараҳои зебои шаҳри Душанберо тавассути маҳорати эҷодии худ нишон доданд.