Беш аз 100 нафар кормандони хоҷагӣ ва дигар бахшҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ин рӯзи шанбе низ мисли шанбеҳои дигар ба ҳашари тозакорию сабзу хуррамгардонии саҳни бинои асосии таълимӣ, роҳраву гулгаштҳои ҳавлии дохилии донишкада ва кӯчаҳои ҳамшафати он баромаданд.
Нигоҳубин ва обдиҳии навниҳолону дарахтони канораҳои ҳавлии донишкада ва кӯчаҳои ҳамшафати он яке аз ҳадафҳои асосии ин ҳашару ҳашарчиён буд, ки дар сатҳи баланд ба субут расонида шуд.