Санъати рассомии тоҷик талафоти калон дод. Санаи 3 декабр шахсияти беназир, рассоми барҷастаи тоҷик, профессори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Исуфҷон Сангов дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
Исуфҷон Сангов 5 августи соли 1944 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Дар Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатии шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳсил карда, фаъолияти кории худро ба ҳайси омўзгори фанҳои тахассусӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов оғоз намудааст. Устоди ҳазорон нафар шогирд дар ҳунари рассомӣ мебошад.
Асарҳои эҷодкардаи ў дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва хазинаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, инчунин дар осорхонаҳо ва нигористонҳои хусусии давлатҳои хориҷӣ маҳфузанд.
Дар мусаввараҳои рангоранги Исуфҷон Сангов саҳнаҳои ҳаёти мардуми оддӣ дар лаҳзаҳои гуногун ба таври ҳунармандона таҷассум ёфтаанд. Махсусан асарҳои манзаравии ба табиати Тоҷикистон бахшидааш эҳсоси гуворои ифтихори миллиро баланд мекунанд.
Муваффақиятҳои намоёни рассом на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ороиши монументалии Театри лухтаки шаҳри Душанбе зоҳир гашта буд. Эҷодиёти ӯ бисёрсоҳа буда, дар баробари рассомӣ наққоши бисёр моҳир буд. Дар кошинкорӣ ва сурати рӯйи девор асарҳои беназире ба ёдгор гузошт.
Дар эҷодиёти Исуфҷон Сангов нақшу нигори мардумӣ бо обу ранги бадеӣ ва пурфасоҳат таҷассум ёфта, дар онҳо робита бо анъанаҳою афкори миллӣ устувор аст. Аз ин ҷост, ки санъати рассом дар ҷумҳурӣ ва хориҷа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Осори Исуфҷон Сангов дар пояи баланди инсонпарварию ватандӯстӣ офарида шуда, барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон ба дарозо хидмат хоҳад кард.
Исуфҷон Сангов то охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ (03.12.2021) дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси профессори кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев барои мукаммал гардонидани системаи таълимии соҳаи санъат ва рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда намуд.
Исуфҷон Сангов барои хизматҳои назаррас дар инкишофи санъати тасвирии тоҷик ва тарбияи ҳисси зебоипарастии мардум бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, соли 2003 бо унвони Рассоми халқии Тоҷикистон ва соли 2004 бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ сарфароз гардонида шудааст.
Рӯҳат шод бод, шахсияти беназир, рассоми бузурги тоҷик!
Раёсат, иттифоқи касаба ва коллективи омӯзгорони
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон