Ҷашн гирифтани чунин як рӯз фараҳбахш аст. Рӯзи 05.09.2025 тибқи нақшаи чорабинии китобхона дар толори ДДСТДТ дар якҷоягӣ шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия бо кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ оид ба ин масъала чорабинӣ доир гашт. Мудири китобхона Одинабеков У., чорабиниро ифтитоҳ намуда, таҷлили ин ҷашни муқаддасро, табрик гуфт.
Мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дотсенти Усмонов С., дар мавзӯи “Китоб сарчашмаи дониш ва ақлу хирад”, Ҳаитов Ф., дар мавзӯи “Китоб – сарчашмаи маърифат”маърӯза карданд.
Донишҷӯён Асозода Мансур, (ихтисоси санъатшинос), Зиёева Фарзона (ВЕБ дизайн графикаи компютерӣ), Мавлоназарова Самира (ВЕБ дизайн графикаи компютерӣ), Сафарбекова Рухшона (Дизайни графикӣ гуруҳи Б), Мастакова Динара (Дизайни графикӣ гуруҳи Б), Абдуллозода Ардашер (ВЕБ дизайн графикаи компютерӣ),Мақсудова Нурона (Манзаранависии дастгоҳӣ) маърӯза ва қироати шеър баромад карданд.